Муаллифи суруди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол Гулназар Келдӣ рӯзи 13 август, каме беш аз як моҳ то ба синни 75-солагӣ расидан дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе аз олам даргузашта, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд.
Дар маросими ба роҳи охират гусел кардани шоири тавоно, ходимони илму фарҳанг, намояндагони ҳукумат, шахсони маъруфи кишвар ва дӯстону ҳаводорони ӯ ҳузур доштанд.
Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар бораи гуфтугӯи чанд рӯз пеши худ бо Гулназар Келдӣ ёдрас шуда, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ аз ҳамкории доштаашон бо шоир изҳори назар кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.