Ширкати “Сафед-Дара” дар ҳамвории “Поляна Москвина”, ки дар ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар баландии зиёда аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст, барои кӯҳнавардон (алпинистҳо) пойгоҳ (лагер)-и кӯҳнавардӣ сохт.
Ҷойи сохтмон байни кӯҳнавардон хеле маъруф аст, зеро дар ин ҷо ду қулла – “Қуллаи Исмоли Сомонӣ” (Коммунизм) – баландиаш 7495 метр ва “Қуллаи Озодӣ” (Корженевский) – баландиаш 7105 метр ҷойгиранд.
Фармоишгари лоиҳа ширкати “Сафед-Дара” ва паймонкори анҷоми корҳои сохтмон ҶСП “Қуллаҳои тоҷик” (Tajik peaks) мебошанд.
Дар ин ҳамворӣ замони шӯравӣ пойгоҳи кӯҳнавардӣ сохта шуда, лекин тӯли солҳои тӯлонӣ он кӯҳнаву фарсуда ва дар ҳолати начандон хуб қарор дошт. Маълумоти муфассал дар ин бора бо ин суроға қобили дарёфт аст.
Ҳамзамон дар фурудгоҳи ноҳияи Ҷиргатол то моҳи сентябр корҳои таъмир ҷараён мегиранд, ки барои интиқоли кӯҳнавардон ба пойгоҳ истифода бурда мешавад. Вақти парвоз бо чархбол аз ин фурудгоҳ то пойгоҳ 30 дақиқа вақтро мегирад.
Аксбардори мо аз ин пойгоҳ суратгузориш таҳия намуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.