Дар корхонаи “Оби зулол” дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд 120 навъи маҳсулот – аз нӯшокиҳо барои кӯдакон то RC Cola-и дӯстдоштта ҳама истеҳсол мешавад. Ин корхона муҳаррики иқтисоди вилоят буда, яке аз бузургтарин андозсупорандагон дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Ровии мо Рафаэл Гулов ба корхонаи “Оби зулол” рафта, бо ҷараёни истеҳсолот дар он шинос шуд. Маҳсулоти корхона дар берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ низ маъруфу писандида аст.
Ин гузориш махсус аст, зеро 12 сентябр ба таъсисёбии корхонаи “Оби зулол” 20 сол пур шуд. Дар соли ҷашнӣ корхона хати истеҳсолии 6-умро ба кор даровард.
Дар бораи фаъолияти корхона, шароити кори коргарону маоши онҳо ва дигар масъалаҳо Рафаэл ба шумо маълумот медиҳад.
Made in Tajikistan лоиҳаи видеоии гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” аст. Ровии мо – блогери шинохта Рафаэл Гулов аз корхонаҳои бузург ва хурди кишварамон, ки ба рушди иқтисод саҳм мегузоранд, боздид мекунад. Ӯ дар видеогузориши худ маълумот медиҳад, ки ин корхонаҳо чӣ истеҳсол мекунанд, киҳо фаъолият менамоянд ва ба куҷо маҳсулоти худро мефиристанд. Мо ҳам истеҳсолот дорем ва дар он одамони зиёд кор мекунанд!
Шарики кулли лоиҳаи мо яке аз ширкатҳои соҳибтаҷриба дар соҳаи тарроҳӣ ва бунёди иншооти энергетикӣ – ҶСП “ТАДЭС” мебошад. ТАДЭС” – 81 сол дар саргаҳи сохтмони саноат.
Шарики расмии лоиҳа Фонди ҷамъиятии Accelerate Prosperity (“Соҳибкорӣ ва рушд”) – бизнес-инкубатор мебошад, ки барои оғоз бахшидани лоиҳаҳо ба маблағи то 50 ҳазор доллар кумак мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.