Дар маркази шаҳри Душанбе намоиши зебоӣ доир гардид. 15 моделҳо аз майдони назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ то Театри опера ва балет бо сарулибос ва зебу ороишоти худ раҳпаймоӣ намуданд.
Хиёбони Рӯдакӣ ба саҳнае табдил ёфт, ки дар он маҷмӯаи (коллексияи) ҷавоҳироти ширкати заргарии “Ақиа” намоиш дода шуд. Ин маҷмӯаро дар Тоҷикистон ним сол боз интизор буданд.
Навбатдори мо дар шаҳр Эллина Ким аз ҷараёни баргузории ин намоиши ғайриодӣ гузориши видеоӣ таҳия намуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.