Дар шаҳри Душанбе дар хатсайри №8 (Дарвозаҳои Ғарбӣ – Фурудгоҳ) автобуси дуошёна ба мусофиркашонӣ оғоз кард. Ҳоло маълум нест, ки боз кай чунин автобусҳо ба роҳ мебароянд, лекин мусофирон дар истгоҳҳо танҳо ҳамин гуна автобусро интизор мешаванд.
“Ҳама мехоҳад, ки дар ошёнаи дуюм ҷой гирад, зеро аз он ҷо шаҳр хеле зебо менамояд. Вақти тариқи эстакадаи Қарияи Боло гузаштан манзараи хеле зеборо дидан имкон дорад”, – гуфт як ризокор (ихтиёрӣ), ки мусофиронро дар автобус назорат мекунад.
“Гӯё дар хориҷа бошам, эҳсосоти ғайриодӣ”, – изҳор дошт як духтари мусофири ин автобус.
Ба гуфтаи ронанда, автобус зиёда аз 11 метр дарозӣ дошта, дар ду ошёна 76 ҷойи нишаст дорад. Ин автобус дар корхонаи муштараки тоҷикиву туркии «AKIA AVESTO” истеҳсол шудааст .
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.