Соҳилҳои дарёи Сир, ки тавассути шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мегузарад, инчунин Баҳри тоҷик ва дигар кӯлу дарёҳои ин минтақа аз нуқтаҳоест, ки аксари аҳолӣ барои халосӣ аз гармои тобистон ба оббозӣ машғул мешаванд.
Тӯли чандин сол дар ВАО-и ҷумҳурӣ бобати ҳодисаҳои ғарқшавии одамон дар вилояти Суғд матолиби зиёд нашр мешавад. Қобили зикр аст, ки тайи ду соли охир ҳодисаҳои ғарқшавии одамон дар кӯлу дарё, обанбор ва дигар макони обозии вилояти Суғд нисбатан кам шудааст.
Дар инфографикаи зер доир ба шумори ҳодисаҳои ғарқшавӣ ва сабабҳои он дар қаламрави шаҳру навоҳии вилояти Суғд тайи ду соли охир маълумот дода мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.