Гузориши нави видеоии лоиҳаи 180 дараҷа дар бораи ҳаёти душвори кӯҳистони дурдасти Тоҷикистон нашр шуд.
Саҳеҳтараш, ин аввалин фотофилмест, ки дар бораи мушкилоти иқтисодии сокинони деҳаи баландкӯҳи Аличор, ки бар асари пандемияи коронавирус ба мушкили қариб ҳалнашаванда табдил ёфтааст, ҳикоят мекунад.
Дар сафар ба ин макони дурдасти кӯҳистон ба таҳиягарони филм Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон кумаки молиявӣ кардааст.
Муаллифи филм Маҳпора Киромова мегӯяд, онҳо ин дафъа дар ҷараёни сафар ба Помир ду филм таҳия карда, яке дар бораи Аличор ва дигарӣ дар бораи Булункӯл аст, ки ба наздикӣ нашр хоҳад шуд.
“Маълум шуд, ки дар кишвари мо ҷойҳое ҳастанд, ки ягон осори тамаддун вуҷуд надораду одамон бо як душворие рӯзгорашонро пеш мебаранд. Ин ҷо дар пойтахт мо иди ҳар гуна сабзавоту меваҳоро ҷашн гирифта, ҳатто дар Хуҷанд озмуни ошхӯрӣ баргузор карданд. Оқибатҳои иқтисодии пандемия ҳоло дар пеш аст. Мо ба зиндагӣ ҷиддӣ назар надорем”, – мегӯяд ӯ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.