spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Соҳибони фазои Тоҷикистон моем”. Кори авиадиспетчерҳо

Рӯзи байнулмилалии авиадиспетчерҳо (нозирони танзими парвозҳо) имрӯз, 20 октябр ҷашн гирифта мешавад. Ба таъмини бехатарии парвози мусофирон натанҳо халабон (лётчик)-у техникҳо, балки ин шахсон дар замин низ масъуланд. Ба кору касбияти авиадиспетчерҳо масъулият ва талаботи баланд тақозо мешавад.

Санаи 5 ноябри соли 2019 Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе 90-солагиашро ҷашн гирифт. Моҳи июни ҳамон сол дар фурудгоҳи Душанбе нуқтаи нави аэронавигатсионии танзим ва назорат (диспетчерӣ) ба кор даромад.

Манораи он 42 метр буда, аз пешина баланду калонтар аст. Ин дили фурудгоҳ аст, ки ҳамаи парвозҳо аз ҳамин ҷо назорату танзим мешавад.

Як сол пеш мо аз ин нуқта боздид намуда, бо фаъолияти коргарони он аз наздик шинос шудем.

“Мо соҳибони фазои Тоҷикистонем. Чизе, ки аз болои он мегузарад, мо мебинему назорат мекунем”, – мегӯяд авиадиспетчер Нодир Одилов, ки қариб 40 сол дар ин вазифа кор мекунад.

Аз фазои Тоҷикистон 45 роҳи ҳавоӣ мегузарад. Якчанд ҳавопаймо дар як вақт аз фазои он убур карда метавонанд. Ин бе таҷҳизоти муосир хатарнок аст.

МЕДИА (YOUTUBE)

“Монитори ARM Master барои назорати вазъи фазо лозим аст, – ҷойи кори худро нишон медиҳад Одилов. – Рӯйи он  мавқеи ҳавопаймоҳо дар фазо инъикос мешавад. Айни замон шумо дида метавонед, ки ҳавопаймои Қазоқистон фуруд меояд. Он аз Файзобод гузашта, ба самти фурудгоҳи Душанбе равона аст”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тақдими таҷҳизоти муайянкунандаи радиатсия ба фурудгоҳи пойтахт

Дар ҷойи кории авиадиспетчерҳо ҳамеша ҷадвали парвозҳо ҳаст, ки аз ҳамин ҷадвал кор дар ин ҷо оғоз мегардад.

“Мо як нуқтаи ба истилоҳ ВАДЕР дорем – он дар 200 километрии шимолу шарқи Душанбе, дар ҷоест, ки он сарҳади фазоии қабулу гусели ҳавопаймо барои диспетчерҳои Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, – иброз медорад Одилов. – Ана аз ҳамин ҳудуд диспетчери мо то ба замин нишастани ҳавопаймо идораи парвози онро зери назорат мегирад. Агар бо ягон сабаб, масалан, банд будани хати нишаст ягон ҳавопаймо фуруд омада натавонад, барои ин мо минтақаҳои интизорӣ дорем, ки бо дастури диспетчер ҳавопаймои дигар то вақти таъиншуда ба он ҷо фиристода мешавад”.

Аммо диспетчерҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳавопайморо ба он минтақа нафиристода, хати фуруду парвозро пешакӣ озод кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...