Бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ – ин як ҷаҳони дигар аст, ки дар он ҷо ҳазорон одам “мезияду” “фаъолият” менамояд. Миллионҳо дигарон бошанд, онҳоро пайгирӣ мекунанду аз фаъолияташон баҳра мебаранд. Ҳамчунин ҳастанд шахсоне, ки серкоранду вақт барои тамошову пайгирӣ надоранд. Аммо онҳо низ мехоҳанд аз хабарҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳ бошанд.
Ва инак, мо барномаи тозаеро баҳри шумо пешкаш мекунем – ҳар ҳафта барандаи дилбари мо Фарангез Шозедова барои шумо хабарҳои заруру ҷолибро аз шабакҳои иҷтимоӣ ҷамъ оварда, тӯли 10 дақиқа ба шумо қисса мекунад. Танҳо он чӣ, ки шумо мехоҳед, танҳо “шираи гап”!
Ва инак, имрӯз дар барнома:
Рафаэл ва Шоира боз нимбараҳна – ин маротиба бо хилъатҳои хонагӣ.
Ҳамкории Абдурозиқу Баронро як сол шуд. Оё рэпсаро наврасро истифода бурд?
Мансур Нигматов ба хонаи пиронсолон кӯмак кард.
Овозхонони шинохта дар сирк – ин дам ҳамчун акробат.
Нуриддин Давронов либос бо номи худаш истеҳсол мекунад.
Гив чист ва блогерон туҳфаҳои гаронро барои бозӣ (ё худ «розигриш») аз куҷо дастрас мекунанд?
Ин ва дигар хабарҳо – дар барномаи мо! Ин ҷо бубинед: