spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Падари чоргоникҳо: умед дорем соҳиби хонаи шахсӣ мешавем

Далер Файзуллоев, сокини пойтахт, ки ҳамсараш Сарвиноз Аскароваи 34-сола рӯзи 15-уми декабр дар таваллудхонаи рақами 3-и пойтахт чоргоник таваллуд намудааст умед дорад, ки ҳукумати кишвар ин оилаи ҷавонро пуштибонӣ хоҳад кард.

Тавре Далер ба “Азия-Плюс” гуфт Далер дар яке аз ширкатҳо дар Душанбе кор мекунад ва иҷоранишин аст. Ба гуфтаи худи ӯ дӯстону шиносон бо ӯ тамос гирифта аз он мегӯянд, ки ҳатман аз ҷониби ҳукумат оилаи ҷавони онҳо дастгрӣ меёбад ва соҳиби манзили шахсии худ мегарданд. Вале ӯ иброздошт, ки то ҳол аз ҷониби намояндагони ягон мақомот ё сохтор бо онҳо тамос нагирифтаанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ин ҷавон мегӯяд, ҳоло муҳим саломатии кӯдакон аст ва табибон вазъи саломатии чоргоникҳо ва ҳамсарашро хуб арзёбӣ мекунанд.

“Ҳама мегӯянд, ки хона метиянд. Вале шояд аз сабаби хеле хурд будани кӯдакон ҳоло бамо аз ягон мақомот ягон гап нагуфтаанд. Вале мо ҳам чун оилаи ҷавон умед ба дистгириҳои ҳукумати кишвар дорем. Пештар ҳам огҳ ҳастем, ки модароне, ки сегонику чоргоник таваллуд намуданд бо хона таъмин шуда буданд”.

Далер мегӯяд, гарчанде ҳангоми ташхиси пеш аз таваллуд табибон ба онҳо гуфтаанд, ки соҳиби 4 фарзанд мешавед , вале то ҳол бовараш намеояд, ки ӯ якбора соҳиби ду духтар ва ду писар гаштааст. Ӯ гуфт: “То ҳол аз шодӣ ҳарф задану ором нишастан наметавонам. Ман танҳо як маротиба назди фарзандонам даромадам ва онҳоро аз пеш дидам. Гӯё вориди дунёи дигар гардидам, ки атрофам пур аз тифл буд. Аз ин бештар шодие барои волидон нест”.

Ин падари хушбахт мегӯяд, ҳамсараш бо роҳи ҷарроҳӣ тифлонро ба дунё оварда, онҳо дар шуъбаи эҳёгарии таваллудхона  зери назорати табибон қарор доранд. Ин навзодон қабл аз муҳлат ё ба таъбири мардумӣ норасида таваллуд шуда, дар зарфи шишагии махсус барои кӯдакони норсида ҷо шудаанд. Вале Далер мегӯяд  ҳоло як писар ва як духтарашро аз он берун намудаанд.

Ҳамсуҳбатамон илова кард, ки чанд маротибаи дигар талош намуд то назди чоргоникҳо ва ҳамсараш ворид шавад, аммо ҳоло дигар иҷозати ворид  шудан назди навзодонро табибон  намедиҳанд. Ва мегӯяд, танҳо интизориҳо пушти тиреза ва қадам ниҳодан атрофи таваллудхона ӯро ором мекунад. Чун ӯ мегӯяд ҳамсараш хеле давраи ҳомиладории сангине паси сар намудааст.

“Бовар кунед мехоҳам ҳамеша наздашон бошам. Медонед, ҳамсарам чӣ қадар ҳомиладориро вазнин гузаронд. Ӯ шабҳо хоб намерафт ва танҳо дар курсӣ (кресло) каме хоб мерафт. Хеле азобу заҳмат кашид. Вале дар ҷавоб бароямон чор тифл ҳадя шуд, ки хурсандиямонро ҳадду каноре нест”, – қайд намуд Далер Файзалиев.

Падари чоргоникҳо аз он гила дорад, ки дар бархе сомонаҳои хабарӣ иттилои бардурӯғ паҳн намудаанд, ки гӯё онҳо соҳиби ду писари дигар ҳастанд, ки яке 13 ва дуввумин 3 сол дорад. Ӯ мегӯяд, “мо як писари 3,5 сола дорем ва Худоро шукр имрӯз боз соҳиби чор фазанди дигар шудем. Писари 13-сола надорем ва ин нодуруст аст”.

Барои пурсон шудан аз вазъи саломатии навзодон табибони таваллудхона аз суҳбат худдорӣ намуданд. Вале як ҳамшираи шавқат дар суҳбат гуфт, ки ин навзодон бояд то 40 рӯз дар беморхона зери назорати табибон бимонанд ва баъдан рухсат хоҳанд шуд. “Ҳоло ин кӯдакон се рӯз доранд ва бояд рӯзҳои хатардоштаро паси сар намоянд. Ва умед дорем, ки онҳо низ мисли чоргоникҳое, ки дар ҳамин таваллудхона соли 2015 таваллуд шуданд ва бо хона ва тамоми лавозимоти зарурӣ аз ҷониби ҳукумати мамлакат таъмин гардиданда буданд, пуштибонӣ мешаванд”, – мегӯяд ин ҳамшираи тиббӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...