Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Ҳаҷви даврони пандемия: бо Муқимҷон Абдуфатоев - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҳаҷви даврони пандемия: бо Муқимҷон Абдуфатоев

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Ҳаҷвнигори  боистеъдод ва хушноми кишвар Муқимҷон  Абдуфаттоев имрӯз  46-сола шуд.  Ӯ  18.12.1974 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳангу санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда,  беш аз 20 сол аст, ки дар яке аз самбулҳои саҳнаҳои ҳаҷву танзи тоҷик аст.

Тавре ӯ, дирӯз дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳавҷнигорӣ бисёр кори душвор аст ва ин соҳа авҷу мавҷҳои зиёде дорад. Барои ин ки дар соҳа муваффақ шавӣ иродаи мустаҳкам лозим аст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Муқимҷон фаъолитяи худро ҳанӯз аз замони мактабхониаш оғоз намудааст. Ӯ соли 2003 дар шаҳри Хуҷанд, бо пуштибонии ҳукумати вилояти Суғд театрстудияи ҳаҷвии “Хандинкамон”-ро таъсис дода, роҳабарии онро то имрӯз бар ӯҳда дорад.  Дар муддати кӯтоҳ  ин театрстудия бо саҳнаҳои ҷолибаш  байни мардум  маъруф шуд. Ҳамзамон театрстудияи  “Ханинкамон” филмҳои ҳавҷии  “Таксӣ”, Оҳ, муҳаббат”, “Наврӯз дар Наврӯз” таҳия кардааст, ки то ҳанӯз тамошобини зиёде доранд. Коргардон ва муаллифи сенарияҳои  филм худ  ӯ мебошад. 

Ёдовар  мешавем, ки Муқимҷон  Абдуфаттоев дар намоишномаи “Абдуи Хуҷандӣ” нақши асосиро иҷро карда буд.  Як муддат  ҳамчун  роҳбар дар  театри русии академии  ба номи Пушкини шаҳри Бӯстон фаъолият кард. 

Ӯ оиладор буда  соҳиби 4 нафар фарзанд мебошад.

Дар замони пандемияи коронавирус ӯ барномаи “Як пиёла чой бо Муқимҷон Абдуфаттоев”-ро  дар шабакаи Ютуб ташкил намуд.  “Азия-Плюс” бахшҳое аз ин саҳнаҳои ютубро дар як навор таҳия кардааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.