Ҳафт сол мешавад, ки журналист ва ровии номдору саршинос Орзу Исоев аз радио дур буд. Ва акнун ӯ бармегардад. Базудӣ садои гирои ӯ аз радиои Asia-Plus садо медиҳад. Дар барномаи наве, бо диди тоза, ва маҳорати воло – “Дурбин”.
“Дурбин” – чизеро мебинему мегӯем, ки дигарон сарфи назар мекунанд, меҳмононеро даъват мекунем, ки зиёд медонанду ҷолиб мегӯянд ва ҳамаи ин дар пахши мустақим ва бо тамосу иштироки шунаванда!
“Ҳиссиёт чунин аст, ки гӯё имтиҳоне дорам, гӯё боз даврони донишҷӯӣ ҳасту рӯзҳои наздик аз санҷиши муҳиме мегузарам!”, – мегӯяд бо ҳаяҷон Орзу.
Инак, Орзу Исоев, “Дурбин”, Asia-Plus – ба наздикӣ!
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.