Ин мусоҳибаи ду сол пеш аст (24.12.2018), ки ба ифтихори нақши ҳамеша барҷойу мондагори ҳунарманди пуровозаи театру синамои тоҷик, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов, ки имрӯз дар синни 83-солагӣ моро барои ҳамеша тарк кард, сурат гирифта буд.
Имрӯз бори дигар бознашр мешавад ва Худованд ҷойи Ҳабибулло Абдураззоқов ҳунарманди пешкисват, коргардони саршинос ва аз пешгомони ҳаракати рӯшанфикриву миллигаройии поёни умри Шӯравӣ ва чеҳраҳои маъруфи сиёсии солҳои 90-умро биҳишт гардонаду роҳаш пурроҳрав бод!
Ҳунарманди машҳури тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқовро дар хонааш, ҳамроҳ бо ҳамсараш Шарофат Рашидова, ки низ ҳунарпеша аст, дарёфтем. Ҳарчанд хабар доштем, ки чанде пештар ҳунарманди машҳур бемор шуда буд, аммо қадаммонии бардам, қомати боло, суханҳои мантиқӣ, чеҳраи нуронӣ ва риши сафеди дамидааш гӯё мегуфт: назди яке аз бузургтарин актёрҳои тоҷик қарор дорӣ!
Ҳарчанд ӯ пинҳон мекард, аммо дар чеҳраи ӯ афсурдагиро мушоҳида кардан мумкин буд. Ин афсурдагии ӯ на аз зиндагиву саломатӣ, балки аз вазъи имрӯзаи театру ҳунармандон буд.
Моро ба хона даъват кард ва сари як пиёла чой суҳбати мо оғоз ёфт.
Китоби хотира
– Як вақт гуфта будед, ки аз театр дур шуда, ба навиштани хотира машғул мешавед. Навишта истодаед?
– Бисёр навиштам ва қисме аз он ҳатто чоп шуд, аммо дигар дилам монд. Дидам, ки хонанда намондааст, навиштанро қатъ кардам. Ду-се дафтари дигар дорам, ки чоп накардаам. Ҳарчанд дӯстон хостанд, ки давом диҳам, аммо нахостам.
Мебинам, ки дар бораи ҳамсолони ман (онҳое, ки ба сатҳи ман, Маҳмудҷон Воҳидов ё Ҳошим Гадо ҳатто наздик нашудаанд) телевизиони Россия пайваста сухан мегӯяд. Онҳоро бузург нишон медиҳанд. Аммо дар Тоҷикистон касе намепурсад, ки чӣ ҳол доред…
– Чаро нахостед, ки ҷашни 80-солагиатонро бошукуҳ таҷлил намоянд?
– Дилам мондааст. Дар 60-солагиам маҷбур карданд, ки ба нафақа равам. 80-солагиамро барои чӣ таҷлил менамоянд? Даркор нест.
– Бо хоҳиши таҷлили ҷашни 80-солагиатон ягон нафар наздатон омада буданд?
– Не, ҳеҷ кас наомадааст. Танҳо аз театр бо роҳбарии Давлатов (Лутфулло Давлатов.-Ҷ.А.) чанд нафар омада хоҳиш карданд, ки роҳбари бадеӣ бошам ва намоишномаҳо гузорам. Аммо он замон саломатиам он қадар хуб набуд, гуфтам, ки сиҳат шавам, мебинам.
Роҳ ба сӯйи ҳунар
– Аслан чӣ тавр ба театру кино омадед?
– Дар Донишкадаи аграрӣ мехондам. Дар кӯча як нафар корманди Вазорати фарҳанг маро дошта, гуфт, ки чанд нафарро ба Маскав бурдан мехоҳем. Агар хоҳед, ба Вазорати фарҳанг биёед, шуморо ба Маскав мебарем. Рафтам ба Вазорати фарҳанг ва ҳамин тавр ба санъат қадам гузоштам. Ҳамааш ногаҳон рух дод.
– Пеш аз ин тасаввур мекардед, ки замоне ба санъат роҳ меёбед?
– Дар зери дилам буд, аммо тасаввур намекардам, ки ин донишгоҳу донишкада, театрҳо дорад.
– Чандин сол шуд, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба як савол посух меҷӯяд: чаро мардуми тоҷик аз китобу театр дур шуд? Шумо чӣ фикр доред?
– Бобоҷон Ғафуров вақте як нафарро ба вазифа таъйин карданӣ мешуданд, мепурсиданд, ки шумо кадом китобҳоро хондаед, кадом намоишномаҳоро дидаед, кадом ҳунармандро мешиносед, кадом драматургро медонед, кадом балетмейстерро мешиносед… Баъд ба мансаб таъйин мекарданд. Аз ин сабаб, ҳама кӯшиш мекард, ки ба театр равад, ба опера равад, китоби зиёд хонад ва дар умум, заковати худро васеъ намоянд.
Вақте дар Хуҷанд театр сохтанд, роҳбари бадеӣ надоштанд. Вазири фарҳанги вақт ва дигар шахсони масъул чанд маротиба маро даъват карданд, ман розӣ нашудам. Оқибат худи Ҷаббор Расулов маро даъват карданд. Пурсиданд, ки аъзои ҳизб ҳастам ё не. Вақте не гуфтам, гуфтанд, ки ҳамин рӯз ман шуморо аъзои ҳизб мекунам. Гуфтам, ки падари маро чун “душмани халқ” маҳкум намуда буданд, ман то имрӯз номи “фарзанди душмани халқ”-ро мешунавам. Агар шумо маро аъзои ҳизб кунед, ҳама мегӯяд, ки “фарзанди душмани халқ”-ро аъзои ҳизб карданд. Ба шумо гап мерасад. Лекин розӣ шудам, ки ба театри Хуҷанд роҳбари бадеӣ шуда равам ва 4 сол онҷо кор кардам.
– Шояд як сабаби дур шудани мардум аз театр вазъи иқтисодӣ бошад?
– Сабаби асосии дур шудан аз театр бесаводӣ аст. Одами бесавод театр намеравад. Замони Шӯравӣ вазъ дигар буд, сиёсати мушаххас дар самти театр буд. Соҳаи театру кинои тоҷик пешрафт дошт. Муаллимон босаводу рӯшанфикр буданд. Зиёиён бедор буданд. Ҳоло касе парво надорад, ки Сотим Улағзода кӣ аст, Раҳим Ҷалил кӣ аст, Ҷалол Икромиву Фотеҳ Ниёзӣ кӣ аст.
Ҳоло драматурги ҷавон нест, ки як драммаи хуб нависад. Солҳои Шӯравӣ 30-40 нафар нависандагон бо театру балет ҳамкорӣ доштанд. Имрӯз чанд нафар аст?
Чанде пеш ба нахустнамоиши песаи Нур Табаров “Мусичаро накушед” рафтам. Ману Нур Табаров нишастаему чанд нафари дигар. На ягон зиёӣ буду на ягон нафар мансабдор. Толор холӣ буд. Барои ман ин аламовар аст. Дар тамоми ҷаҳон дар нахустнамоиш одамон навбат меистанд, аммо дар мо парвои касе нест.
– Шояд вақти он расидааст, ки дар ин самт барномаи махсус таҳия карда шавад?
– Ин ҳатмӣ аст. Бояд одамонро ба театр баргардонид. Тавре ки Ҷаббор Расулов карда буданд, бояд дар ин самт таваҷҷуҳи махсус равона карда шавад. Ҳукумат барои ба театр баргардонидани одамон бояд барномаи махсус таҳия кунад.
Нақши мондагор
– Дар як мусоҳибаатон гуфта будед, ки бароятон нақши Баҳриддин аз “Марги судхӯр” бештар писанд аст. Чаро Ёдгор аз “Дохунда” не ё дигар нақшҳо не, маҳз Баҳриддин?
-Баҳриддин яке аз нақшҳои сусти ман аст, аммо он образи худи Садриддин Айнӣ аст. Вақте ман ин нақшро бозӣ мекардам, пеши назарам худи устод Айнӣ ҷилва менамуданд. Аз ин сабаб, бароям ин нақш муҳим аст. Фикр мекунам, ки “Марги судхӯр” беҳтарин филми тоҷик дар сад соли гузашта аст.
– Он замон фикр мекардед, ки дар беҳтарин филми тоҷик нақш меофаред ва дар оянда шояд ин гуна филмҳо дигар ба навор гирифта намешавад?
– Дар ин бора фикр намекардам. Соли 1960 омадаму дар филмҳои Марворид Қосимова, ду филми Борис Кимёгаров “Мирное время”, “Осуда намешавад”, дар филмҳои Тоҳир Собиров “Марги судхӯр”, “Хиёнат”, “Разоблачение” нақшҳои асосиро бозӣ кардам. Филми “Разоблачение”-ро дар як сол сад миллион нафар тамошо кардаанд. Агар ҳоло ҳам ин филмҳоро ба намоиш гузоранд, тамошобини зиёд пайдо мекунад, аммо намедонам чаро намоиш намедиҳанд.
Соли 1967 Рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав шуд. Ману Тоҳир Собиров бо филми “Хиёнат” ба Маскав рафтем. Дар Кинотеатри Россия нахустнамоиши филм баргузор гардид. Ҳазорон одам маро болои даст бардошта буданд, суратгирҳо, журналистон дар бораи ин филм мегуфтанду менавистанд. Аммо ин филмҳо ҳоло намоиш дода намешавад.
Имрӯзи театр ва кинои тоҷик
– Солҳои охир ягон филм, филмбардор ё ҳунарманди хубро мушоҳида кардед?
– Хеле афсӯс, ки нест. Ё ман надидам, чун кам ба театр меравам. Лекин агар бошанд, мебароянд. Афсӯс, ки нест.
Аммо агар истеъдодҳо дастгирӣ ёбанд, филмбардорону ҳунармандони хуб, албатта, пайдо мешаванд.
– Бо ягон филмофари ҷавон робита ё сӯҳбатҳо доред?
– Имрӯз дар давлати мо ба ин масъала таваҷҷуҳ кам аст. Намепурсанд, ки Ҳошим Гадо, Ҳабибулло Абдураззоқов дар куҷоянд. Дар Россия агар ягон нафар ними кори моро карда бошад, болои даст мебардоранд ва эътибор медиҳанд, аммо дар мо ин тавр нест.
– Имрӯз ягон нафар омада аз шумо маслиҳат мепурсад?
– Не, ҳеҷ кас маслиҳат намепурсад…
Дар 20 соли охир асари кадом драмматурги тоҷик дар театрҳо ба намоиш гузошта мешавад? Як –ду асарҳои Ҷумъа Қуддус ё Меҳмон Бахтӣ. Ҳардуи онҳо шогирдони мананд. Замоне дар театри Лоҳутӣ, дар назди Вазорати фарҳанг студияи драматургҳо буд. Ҳардуи инҳо омада, лексияҳои моро гӯш мекарданд, сӯҳбатҳо мегузаронидем, маслиҳатҳо мекардем. Ҳоло дар ҳеҷ куҷо ин гуна студияҳо нест.
Ман бо Сотим Улуғзода, Ғанӣ Абдулло, Фазлиддин Муҳаммадиев, Фотеҳ Ниёзӣ, Баҳорӣ, Сидқӣ шабу рӯз кор мекардам, то як драмаю песа офарем. Имрӯз ҳеҷ кас бо нависандагон кор намекунад. Шояд замон инро тақозо мекунад.
Гулрухсор ҷавон, нав донишгоҳро хатм карда буд. Песаеро навишта назди ман омад. Дар якҷоягӣ намоишномаеро бо номи “Ғори аҷинаҳо” дар Театри ҷавонон ба намоиш гузоштем. Ин намоишнома беш аз 1000 бор ба намоиш гузошта шуд. Аммо имрӯз ин гуна ҳамкорӣ дида намешавад.
– Шояд он замон ҳаққи қалами хуб мегирифтанд?
– Драматургҳо дар замони Шӯравӣ ҳам ҳаққи қалами кам мегирифтанд. Муҳим хоҳиш ва шавқ аст. Ватанпарастӣ ва театрро дӯст доштан аст.
Бо Фазлиддин Муҳаммадиев ду сол кор кардам. Як песаи ӯро ба намоиш гузоштам. “Арӯси охирини Амир-ал-мӯминин” ном дошт он асар ва мазҳакавӣ буд. Ӯ он вақт гуфта буд, ки агар ман пештар бо театр сару кор медоштам, мисли Шекспир драматурги сатҳи ҷаҳонӣ мешудам. Афсӯс, ки инро дертар фаҳмидам. Муҳаммадиев навишта буд, ки театр бузургтарин манбаъ барои нависанда аст.
Бузургтарин нависандагони рус тарбиятдидаи театр ҳастанд. Масалан, Антон Чехов шогирди Константин Станиславский аст. Соли 1898 яке аз асарҳои Чеховро дар театри императории Санкт-Петарбург гузоштанд. Рӯзноманигорон он замон навиштанд, ки Чехов нависандаи беҳунар аст. Вақте Чехов бо Станиславский ва Немирович-Данченко шинос шуду бо онҳо ҳамкорӣ намуд, аз беҳтарин драматургҳои ҷаҳон шуд. Ё Алексей Островский ҳам дар ҳамкорӣ бо театр Островский шуд.
Афсӯс, ки имрӯз дар мо ин гуна ҳамкориҳо хеле кам аст. Режиссёрҳои мо, роҳбарҳои тетарҳо бояд дар назди театрҳо курси драматургҳоро кушоянд, бо онҳо кор кунанд, ба театрҳо рафта намоишномаҳоро тамошо кунанд. Он вақт драматурги хуб пайдо мешавад.
– Шумо натанҳо дар Тоҷикистону Иттиҳоду Шӯравӣ, балки хориҷ аз он ҳам дӯстони зиёд доштед. Ҳоло бо онҳо робитае доред?
– Ҳоло замона дигар шудааст. Режиссёри машҳур Мӯҳсини Махмалбоф аз Лондон ҳар гоҳе занг мезанаду ҳолу аҳвол мепурсад. Аз тоҷикони худамон ҳеҷ кас намебиёду намепурсад ва занг ҳам намезанад.
– Ҳукумати кишвар ният дорад, ки театри калонтарин дар Осиёи Миёнаро бунёд намояд. Оё дар чунин шароит, зарурати бунёди театри бузург ҳаст?
– Фикри хуб аст, ки театри калон месозанд. Аммо бояд мардум аз замони донишҷӯӣ ба театр рафтанро омӯзанд.
Агар ман дар театр кор мекардам, кӯшиш менамудам, ки раиси ҷумҳурро бинам, вазирро бинам ё ректорҳоро бинам, аммо ҳоло ҳеҷ рафтуомад ҳам надарам бо театр.
– Вазири фарҳанг аз ҳолатон хабар мегиранд?
– Вазири фарҳанг вақте нав таъйин шуда буданд, ман бемор будам, омада хабар гирифтанд.
“Касе аз Барзу даъват намекунад, ки дар Тоҷикистон кор кунад”
– Эҷодиёти фарзандатон – Барзу Абдураззақовро пайгирӣ мекунед?
– Барзу… намоишномаи “Отелло”-ро солҳои навадум дар Ӯзбекистон ба намоиш гузошт. Театри Ӯзбекистон ба тамоми ҷаҳон бо ин намоишнома сафар карда, машҳур шуд. Дар Қирғизистон ҳам ҳамин тавр шуд. Имрӯз дар Қазоқистон ҳам намоиш гузоштаасту ба ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ меравад. Аммо дар Тоҷикистон касе ӯро суроғ намекунад. Намегӯянд, ки биёед дар мо ҳам намоишнома гузоред. Чанде пеш дар Душанбе буд, касе напурсид, ки дар куҷо ҳастед. Биёед дар театрҳои тоҷик намоишнома гузоред. Нест ин хел одам.
– Шояд сабабаш мавқеъгириҳои Барзу Абдураззоқов бошад?
– Ҳар як эҷодкори асил мавқеи худро дорад. Мавқеъ надошта бошад, эҷодкори бузург шуда наметавонад. Вақте ӯ мавқеву диди худро дорад, метавонад намоишномаҳои хубро ба саҳна гузорад. Ӯ мавқеву диди худро ба саҳна мегузорад, ба дигарон монанд нест. Режиссёр агар мавқеву дид надошта бошад, ӯ бузург шуда наметавонад. Тамошобин ҳам барои фаҳмидани мавқею диди режиссёр ба театр меравад.
– Дар бораи ҳунари фарзанди худ чӣ андеша доред?
– Барзу ҳунарманди ҳирфаии рақами аввали Тоҷикистон. Ӯ аз панҷсолагиаш дар мактаби мусиқӣ хондааст, Институти санъати Душанберо тамом кард. Модараш Фотима Ғуломова актриса буд, ман саррежиссёр будам. Ӯ дар театр калон шуд. Як умр дар дасти профессорҳои машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ хонд. 15 сол дар самти режиссура таҳсил кард. Ягона мутахассиси дараҷаи баланд дар Осиёи Миёна аст. Ҳамин гуна одамро дар Тоҷикистон имрӯз суроғ намекунанд. Чӣ кор кунем?
Замоне ба Василий Шукшин иҷозаи дар Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардан намедоданд. Вақте иҷозат доданду ӯ ба Маскав омад, тамоми зиёиёни Маскав талош мекарданд, ки як маротиба Шукшинро бинанд. Аммо дар Тоҷикистон ин гуна зиёӣ нест. Барзу омад, касе омада нагуфт, ки биёед дар Тоҷикистон ҳам кор кунед ва намоишнома гузоред.
– Шояд ба фарзанди хеш озодии аз ҳад беш додаед?
– Шояд… Ӯ давлату миллаташро зиёд дӯст медорад. Душанберо сахт дӯст медорад. Барои ӯ тоҷику Тоҷикистон тамоми вуҷуду ҳастиаш ҳаст, аммо вақте миллату давлат ӯро суроғ накунад, чӣ кор кунем?
– Ягон маротиба даъват кардед, ки аз мавқеъгириҳояшон даст кашанд?
– Чанд маротиба гуфтам, ки сахт нагӯ, сахт мерасад ба роҳбарият. Мегӯяд, ки дигар шуда наметавонад ва “агар нагӯям, худамро худам эҳтиром карда наметавонам”. Ва ҳамин тавр гуфту рафт.
– Мебинам, ки хеле дилмонда ҳастед. Магар аз касби пешакарда пушаймон шудед?
– Не, пушаймон нашудаам. Баръакс, хушбахтарин инсон ҳастам, ки Худованд маро ба ҳамин роҳ ҳидоят намуд.
Ҳошим Гадо ва хислати вазнини ӯ
– Вақтҳои охир мушоҳида мекунем, ки Ҳошим Гадоро низ ҳисси дилмондагӣ фаро гирифтааст. Бо ин ҳунарманди шинохта ва ҳамасри хеш робитае доред?
– Не, рафтуомад надорем. Ҳам Маҳмудҷон Воҳидов ва ҳам Ҳошим Гадоро ман ба Москва бурда будам. Падараш Ҳошим Гадоро соли 1956 ба хонаи мо оварду гуфт, ки фарзанди маро гирифта бар. Ман ӯро ба Душанбе ва баъдан ба Маскав бурдам. Ӯ дар хонаи ман дар Маскав зиндагӣ мекард. Хеле зиёд дастгирӣ кардам. Аммо хислати ӯ вазнин аст…
Ӯ на шарқӣ аст на ғарбӣ… истеъдоди хуб дорад. "Эдип"-аш беҳтарин спектакл аст, баъзе нақшҳои актёриаш ҳам хуб аст. Ҳошим Гадо ғайр аз худаш, дигар дар бораи ҳеҷ чиз фикр надорад… Барои ҳамин Ҳошим Гадоев аст ӯ.
– Чӣ гуфтание доштед, ки ман напурсидам?
– Мехоҳам, ки театрро дӯст доранд. Орзуи ман ин аст дар назди вазорату театрҳо курсҳои драматургия бошад. Ҳукумат намоишҳоро тамошо кунанд, бо режиссёрҳо, драматургҳо сӯҳбатҳо кунанд.
Шарҳи ҳол
Ҳабибулло Абдураззоқов 7 ноябри 1937 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст.
Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи аграрии Тоҷикистон дохил мешавад. Баъдан таҳсилро дар Институти давлатии санъати театрии ба номи А .В. Луначарскийи шаҳри Москва идома медиҳад. Соли 1960 факултаи актёрӣ ва соли 1964 курсҳои олии коргардониро хатм намудааст.
Солҳои 1960-1961 ҳамчун ҳунарпеша дар Театри ҷумҳуриявии мазҳакаю мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст. Солҳои 1961—1969 ҳунарпеша ва коргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, солҳои 1969-1971 саркоргардони Театри ҷумҳуриявии мазҳакаю мусиқии ба номи А. С. Пушкин ва солҳои 1971-1972 саркоргардони Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов буд. Солҳои 1973-1975 ҳамчун ҳунарпеша ва коргардони киностудияи «Тоҷикфилм», солҳои 1975-2002 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2002 муассис ва роҳбари бадеии аввалин театри ғайридавлатии «Падида».
Солҳои 1987—1990 раиси Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон ва ҳамзамон солҳои 1987—1991 муовини аввали Иттиҳодияи ходимони театрии ИҶШС буд.
Соли 1987 бо унвони Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.
Бо орденҳои Дӯстии халқҳо (1980), Дӯстӣ (1998), «Шараф» (2012), медали Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ва Ифтихорномаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Аз соли 1971 узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон аст.