Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон таҳти сарварии фармондеҳашон полковник Сергей Горячев собиқадори 109-солаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримовро, ки муқими Тоҷикистон аст, бо 78-умин солгарди торумор намудани фашистони Олмон дар муҳорибаи Сталинград табрик карданд.
“Ифтихор дорам, ки паҳлӯи қаҳрамони мо, иштирокчии ҳамон ҷанги даҳшатноку хунрез, ки дар он мардуми шӯравӣ ғалабаи шоиста ба даст овард, қарор дорам. Мо ҳамеша ва дар ҳама ҷо ба корномаҳои гузаштагони худ арҷ гузошта, ҳамчунин дар хотир дорем, ки бо чӣ гуна ҷонбозиҳо он ба даст омадааст”, – гуфт фармондеҳи воҳиди тирандозӣ.
Сергей Горячев ҳамроҳи хизматчиёни ҳарбӣ ба маҳаллаи аҳолинишини Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор омада, ба Рашид Каримов барои саҳмаш дар ғалаба изҳор миннатдорӣ намуданд ва ба ӯ аз номи ҳайати пойгоҳи низомӣ гулдаста ва туҳфаи арзишнок тақдим карданд.
Сари як пиёла чой Рашид Каримов дар бораи иштирокаш дар мудофиаи Сталингради комилан тахрибшуда, маҷрӯҳ шуданаш дар соҳили дарёи Волга ва бо як муъҷизае зинда монданаш нақл кард.
Ҳамчунин донишҷӯёни ансамбли “Славяне”-и Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон низ ба табрики шахси кӯҳансолтарини деҳа омада, барояш таронаҳои замони ҷанги «Катюша» «Смуглянка» ва «Эх, путь-дорожка фронтовая»-ро сароиданд.
Рашид Каримов соли 1912 таваллуд шуда, дар муҳорибаи Сталинград, озодкунии Киев, Киров, Лвов ва Кёнигсберг, Лаҳистон (Полша) ва ҳуҷуми қатъӣ ба Берлин иштирок кардааст. Замони ҷанг ду бор ҷароҳат бардоштааст. Бо Ордени Шараф ва дигар мукофтҳои гуногуни ҷангӣ қадрдонӣ шудааст. Каримов 19 ноябри соли 1945 ба зодгоҳаш баргашта, пас аз ҷанг ба сифати омӯзгор кор мекард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.