Болоравии нарх ба доруворӣ ва маводи тиббӣ дар соли гузашта ба зиёдшавии арзиши ин маҳсулот дар кишварҳои содиркунанда, ки талабот ба онҳо афзуд, вобаста аст.
Ба иттилои сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Абдулмаҷид Муминзод ҳолатҳои босуръат болоравии нархи доруворӣ дар ҷумҳурӣ нимаи аввали соли гузашта ҷой доштанд, замоне, ки ҳатто кишварҳои доротарин ҷаҳон ба мушкили камбуди доруворӣ ва маводи тиббӣ дучор шуданд.
Роҳбари Хадамот қайд кард, ки дар ҳамдастӣ бо дигар вазорату идораҳои марбута барои бартараф намудани ҳолатҳои беасос боло бурдани нарх рейдҳо гузаронида шуда, корҳо дар ин самт ҳамарӯза идома доранд.
Муминзода таъкид дошт, ки ҳолатҳои аз ҷониби нуқтаҳои ҷудогонаи фурӯши чакана боло бурдани нарх ҷой дошта, онҳо пешгирӣ шуданд.
“Дар бораи ҳолатҳои қонуншиканӣ ҳудуди 100 санад тартиб дода шуда, қонуншиканон ҷарима шуданд, – иброз дошт сардори Хадамот. – Бархе талош доштанд, ки тиҷораташон қатъ нашаваду чандеи дигар дар бораи даромади беасос фикр мекарданд”.
Зимнан илова шуд, ки айни замон ин бозор зери назорат буда, камбуди доруворӣ ва дигар маводи тиббӣ ба мушоҳида намерасад ва нархҳо устувор мебошанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.