Барномаи ҷонибдории Инкишофи Иҷтимои Манотиқи Кӯҳистон (БҶИИМК), лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон дар чаҳорчӯбаи амали намудани лоиҳаи “Барномаи Беҳсозии Ҳамҷояи Ҳифзулсиҳат ва макони зист дар минтақаи Рашти Тоҷикистон” корхонаю ташкилотҳо ва мушовирони инфиродиро барои иштирок дар озмуни кушод оид ба дарёфти тренерон барои таҳия намудани маводҳои омӯзишӣ ва гузаронидани омӯзишҳои зерин даъват менамояд, ки таснифоти он дар поён зикр гардидааст:
Барои дарёфт намудани маълумотӣ иловагӣ дар бобати мавзъӯҳо ва шартҳои озмун метавонед ба мутасадии самти кишоварзӣ дар минтақаи Рашт Маллаев Маҳмадрасул (е-mail: [email protected]; телефон: 93 7770338) муроҷиат намоед.
Талаботҳо нисбати омӯзгор/тренер:
* Маълумоти олӣ дар самти илмҳои кишоварзӣ, экология ва дигар соҳаҳо, бо дарназардошти рукни рушди деҳот ё дигар касбҳои мувофиқ. Доштани унвони илмӣ афзалият хоҳад дошт;
* Малака ва таҷрибаи хуб дар самти коркарду таҳияи мавод (дастурот, роҳнамо, модулҳо)-и омӯзишӣ;
* Ҳадди аққал 5 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи илми кишоварзи, тағйирёбии иқлим, махсусан пайваст намудани он ба шароитҳои минтақа. Аз 5 то 10 соли таҷриба дар самти гузаронидани тренингҳо ва омӯзишҳо;
* Олӣ донистани забони тоҷикӣ, доштани малакаи аълои навиштан, хондан ва гап задан бо забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад.
Дар пешниҳодоти тиҷоратӣ мавҷудияти маълумотҳои зерин ҳатмӣ мебошад:
* Мактуби таваҷҷӯҳӣ;
* Пешниҳодоти тиҷоратӣ бо нишон додани маблағи хароҷотҳо барои гузаронидани як омӯзиш ва таҳияи воситаҳо ва усулҳои такомули маҳоратҳо; (бо нишон додани мавзуъи омузиш)
* Маълумот дар бораи шартҳо ва шакли пардохт;
* Мӯҳлати иҷрои хизматрасонии дархостшуда;
* Шаҳодатномаи муассиса/ташкилоти довталаб ё ҳуҷҷатҳои шахси инфиродӣ;
* Ҳолномаи (CV) – и мутахассисони инфиродӣ/тренерон;
* Маълумот дар бораи мавҷудияти таҷрибаи гузаронидани омӯзишҳо/тренинг ва таҳияи маводҳои таълимӣ;
* Ҳуҷҷатҳои иловагӣ (дипломи маълумоти олӣ, сертификати гузаронидани омӯзишҳо ва ғайра).
Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 22-уми феврали соли 2021 то соати 09.00 мебошад. Хоҳишмандон метавонанд пешниҳодоти тиҷоратии худро дар шакли лифофаҳои маҳкам (мӯҳр) кардашуда то санаи муқарраргардида ба офисҳои БҶИИМК дар суроғаҳои шаҳраки Ғарм, кӯчаи И.Сомонӣ 73 ва дар ш. Душанбе хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4, ба шахсони зерин пешкаш намоянд:
* дар шаҳраки Ғарм-Асрориддин Саидов; телефон: 93 589-97-33; е-mail: [email protected]
* дар шаҳри Душанбе- Қудратов Улфатшо; телефон: 93 7078020, е-mail: [email protected]
Диққат! Иштирокчиёни озмун соати 10.00 санаи 22 -уми феврали соли 2021 ба дафтари кории БҶИИИМК ба суроғаҳои дар боло зикршуда барои иштирок дар раванди кушодани лифофаҳо бо пешниҳодоти тиҷоратии довталабон, даъват карда мешаванд.
Ташкилот-Фармоишгар ҳуқуқи қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ дар назди Иштирокчиёни тендер ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фармоишгар инчунин ҷиҳати пешниҳоди маълумот ба онҳо дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва қарори қабул кардааш низ ӯҳдадор нест.