Дар бинои Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон охири солҳои 60-уми садаи гузашта дар он касби аввали худро гирифта буд, ҳукумати маҳаллӣ боз кардани Осорхонаи Пешвои миллатро ба нақша гирифтааст.
Тавре дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, бо дастури раиси вилоят дар бинои литсей корҳои таъмир оғоз гардида, ҷамъоварии расму нигораҳо барои осорхонаи оянда ҷараён дорад.
Нахустин Осорхонаи Пешвои миллат дар Тоҷикистон 22 январ дар бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби худи президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба истифода дода шуд.
Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон фаъолияти кории худро соли 1969 пас аз хатми омӯзишгоҳи касбӣ-техникии№40 дар шаҳри Калининобод (феълан – Левакант) ба ҳайси устои барқи корхонаи равғани Қӯрғонтеппа оғоз кардааст.
Айни замон омӯзишгоҳе, ки дар он Пешвои ояндаи миллат касби аввалини худро гирифта буд, Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии №60 шаҳри Левакант номида мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.