Дар шаҳри Хуҷанд беморхонаи нави сироятии вилояти Суғдро месозанд. Дар ин бора Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд зимни нишасти хабарияш, имрӯз, 9-уми феврал иттилоъ дод.
Беморхонаи нави сироятии Суғд дар маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд, дур аз маркази шаҳр дар масоҳати 5 гектар қитъаи замин бунёд хоҳад шуд. Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд гуфт беморхонаи нав бо дастури раиси вилояти Суғд сохта мешавад.
“Лоиҳаи беморхонаи сироятшиносӣ омода ва тасдиқ шудааст. Дар маҳаллаи Чашмаи Арзана қитъаи замин муайян шудааст. Ҳоло ҳуҷҷатгузорӣ идома дорад ва баъди анҷоми ин кор сохтмон оғоз мешавад”.
Мақомоти Хуҷанд мегӯяд, бемории ҳамагирии коронавирус чанде аз мушкилиҳои соҳаи тандурустиро мушаххас кард ва аз ин рӯ беморхонаи сироятии Суғд бо тарзи нав бунёд мешавад. Дар он минтақаҳои сабз, шуъбаҳо (боксҳо) ва насбу овардани таҷҳизоти ташхису табобатии ҳамаи бемориҳои сироятӣ дар назар аст.
Вале дар нишасти хабарӣ дақиқан гуфта нашуд, ки ин беморхонаи барои чанд бемор пешбинӣ шудааст. Оғози корҳои сохтмонӣ ҳоло дақиқ нест, вале шаҳрдори Хуҷанд мегӯяд, лоиҳа тасдиқ шудааст ва танҳо баъди ба пуррагӣ анҷом ёфтани ҳуҷҷатгузорӣ, ҳатман иттилои онро расонаӣ мекунанд.
Дар вилояти Суғд то имрӯз ҳеч беморхонаи вилоятии сироятӣ вуҷуд надорад ва гирифторону беморон асосан аз минтақаҳои гуногуни вилоят барои табобат ба беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд меоянд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.