Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо мақсади гузаронидани комиссияи инспектсионӣ ҷиҳати харидорӣ ва қабули маҷмӯи тиббии сайёр дар Туркия қарор дорад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, таҷҳизот барои бунёди панҷ маҷмӯи тиббии сайёр дар доираи татбиқи маблағгузории бебозгашт аз ҷониби Бонки исломии рушд (БИР) харидорӣ шуда, дар озмуни байналмилалӣ ширкати «Нормека»-ро (Норвегия) ҳамчун оператори пешниҳоди маҷмӯи тиббии сайёр интихоб шудааст.
“Маҷмӯи тиббии сайёр воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм буда, дарозиашон тибқи стандартҳои аврупо 18 метр ва баландиашон 4,2 метр мебошанд, ки дар он ҳуҷраҳои гуногун, аз ҷумла акушерӣ, офталмологӣ, кардиологӣ, ултрасадо, рентгени рақамӣ ва таҷҳизот барои эндоскопияи хурд муҷаҳҳаз гардонида шудаанд”, – омадааст дар хабари Вазорат.
Гуфта мешавад, дар доираи барномаи мазкур воситаҳои нақлиёти махсусгардонидашудаи ёрирасони клиникаҳои сайёр пешниҳод карда мешаванд, ки онҳо барои дастрас намудани беморон аз деҳаҳои дурдасти кӯҳӣ то ба клиникаҳои сайёр хизматрасонӣ менамоянд.
Зимнан зикр мегардад, ки Созишномаи мазкур байни Тоҷикистон ва БИР ҳанӯз соли 2014 ба имзо расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии тасдиқ шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.