Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт лоиҳаи ангоравии шаҳраки нави замонавиро, ки сохтмонаш дар ҷойи бозори тахрибшуда “Ҷал-Ҷам” амалӣ мешавад, манзур кард.
Тавре дар саҳифаи "Архитектура Душанбе" дар Facebook хабар дода мешавад, дар ин қаламрав сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёна, марказҳои савдову хизматрасонӣ, меҳмонхона, дафтарҳои корӣ, муассисаи томактабӣ барои 250 ҷой ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ба нақша гирифта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки бозори махсуси масолеҳи сохтмони “Ҷал-Ҷам”-и пойтахт аввали соли 2020 дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе тахриб шуд.
Соҳибкорон ва тоҷирони бозор ба қаламрави маҷмааи нави савдои “Кӯшониён”, ки дар мавзеи наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 сохта шудааст, кӯчонида шуданд.
Маъмурияти маркази савдои “ Кӯшониён” бо дархости шаҳрдории Душанбе савдогарони ба ин ҷо гузаштаи бозори “Ҷал-Ҷам”-ро се моҳ аз пардохти маблағи иҷораи нуқтаҳои фурӯш озод кард.
Бозори “Ҷал-Ҷам” соли1997 дар қаламрави собиқ корхонаи заргарӣ дар буриши кӯчаҳои Раҳмон Набиев ва Деҳотӣ ба фаъолият оғоз намуд. Қаламрави бозор 2,6 гектарро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.