spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Вазири фарҳанг: Нуриддин Саид назари худро дорад, аммо аз марги бузургон бояд гуфт

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар нишасти хабарии вазорат гуфт, ки расонаҳо дар мавриди бузургони илму фарҳанг бояд иттилоърасонӣ кунанд.

Ин нуктаро вазири фарҳанг дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди гуфтаҳои ахири Нуриддин Саид раиси Кумитаи телевизион ва радио гуфт, ки ахирӣ гуфта буд, зарурати нашри хабар ё некролог дар бораи марги чеҳраҳои бузурги илму адабро намебинад.

Вазири фарҳанг гуфт, ки “фикри Нуриддин Саид назари шахсии ӯст, ҳар як одам фикри шахсии худро дорад. Ман ягон мухолифат ба фикри ӯ надорам, аммо  фикр мекунам, бояд нашр карда шавад. Чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанг арзиши инро доранд. Мо ин корро кардем, дар бораи даргузашти ин 25 нафар дар сомонаи худ ва ҳафтаномаю маҷаллаҳо хабару матолиб чоп намудем”.

Ба гуфтаи Зулфия Давлатзода, имсол  25  ҷеҳраи шинохтаи илму фарҳанг аз коронавирус  гузаштаанд. "Ин барои мо хело талафоти бузург мебошад. Он ҳунармандоне, ки имрӯз дар бари мову шумо нестанд, барояшон биҳишти ҷовидона тамано дорам", – гуфт ӯ.

Бо зикри номи бархе аз онҳо вазир гуфт, ки аз сӯйи вазорат кумакҳои ночизе  ба хонаводаи ин ҳунармандон расонида шудааст.

Дар Тоҷикистон ҳарчанд расман дар мавриди далели марги чеҳраҳои дурахшони илму фарҳанг оморе пешниҳод намешавад, вале дар давраи ҳамагирии коронавирус теъдоди зиёде аз ин чеҳраҳо даргузаштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...