Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳри Хуҷанд 150 тонна маҳсулот бо нархи хеле пасттар аз бозор пешкаш шуд. Як кило пиёз – 80 дирам ва 1 кило шакар – 7 сомониву 50 дирам нарх доштанд.
Як кило гӯшти гов бо нархи 40 сомонӣ ва 1 кило гӯшти гӯсфанд бо арзиши 50 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ин чорабинӣ дар майдони нази Театри ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ боздид намуданд.
Дар ярмарка ба аҳолӣ, аз ҷумла 3 тонна гӯшти гову гӯсфанд, 3 тонна гӯшти мурғ, 40 ҳазор дона тухм, ҳамчунин ба миқдори гуногун картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, меваҳои гуногун, равған, консерваҳо, моҳӣ, орд, намак, шакар, асал, маснуоти нонӣ ва дигар маҳсулоти ғизоӣ пешкаш шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии шаҳрдории Хуҷанд Маъмурхон Юсуфзод.
Ҳамчунин дар ин чорабинӣ фурӯши гулу бутта ва ниҳолҳои гуногун ба роҳ монда шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.