Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) барои ваксиназанӣ (эмкунӣ)-и гурӯҳҳои афзалиятноки аҳолӣ дар Тоҷикистон 8,63 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад.
Маблағгузории иловагӣ аз рӯйи лоиҳаи вокуниши таъҷилӣ ба хатари пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ 11 феврали соли равон тасдиқ шуд.
Дар хабари Бонки ҷаҳонӣ қайд мешавад, ки ин маблағҳо ба харидориву таҳвили ваксинаҳо зидди COVID-19, ки дар сатҳи байнулмилалӣ маъқул шуморида шудаанд, равона мегарданд.
“Лоиҳаи мазкур ба кишвар ҷиҳати роҳандозии барномаи ваксиназанӣ барои гурӯҳҳои афзалиятноки аҳолӣ ва омодакунии муассисаҳои дахлдор барои эмкунии бештар бузургмиқёс бо дастрас шудани ваксинаҳои иловагӣ зидди COVID-19 имкон медиҳад”, – қайд кардааст намояндаи доимии БҶ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс.
Корҳо дар самти харидорӣ ва интиқоли ваксинаҳо аз ҷониби созмони ЮНИСЕФ анҷом дода мешавад.
Гуфта мешавад, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гурӯҳҳои афзалиятноки аҳолиро барои эмкунӣ дар марҳилаи аввал муайян кардааст, аз ҷумла кормандони тибби ва бахшҳои иҷтимоӣ, аҳолии калонсоли аз 50-сола боло, шахсони дорои бемориҳои вобаста ва ҳамроҳ ба он, инчунин муаллимону кормандони муассисаҳои таълимӣ.
“Таъмин бо ваксинаҳои зидди COVID-19 дар чаҳорчӯби механизми инноватсионии маблағгузории «Gavi-COVAX Advanced Market Commitment Global Financing Mechanism» (барои тақрибан 16%-и аҳолӣ) ва бо дастгирии лоиҳаи мазкур (барои 4%-и аҳолӣ) сурат мегирад”, – омадааст дар хабари Бонк.
Шумори дақиқи шаҳрвандони ба эмкунӣ дар доираи ин маблағгузории иловагӣ фарогирифта аз нархҳои ниҳоӣ ба ваксинаҳо вобаста хоҳад буд.
Илова ба харидории вояҳо (дозаҳо)-и ваксина, аз ҳисоби ин маблағҳо хароҷоти вобаста ба харидорӣ, интиқол ва тақсимоти ваксинаҳо, маводи ёридиҳанда ва воситаҳои муҳофизати инфиродӣ барои кормандони тиббӣ рӯйпӯш карда шуда, инчунин таҳкими низоми умумии сироятнопазирӣ (иммунизатсия) ва беҳбуди имконоти идоракунӣ дастгирӣ меёбад.
Қобили зикр аст, ки мувофиқи дурнамои фосилавии тақсимоти ваксина аз коронавируси ташаббуси COVAX, то моҳи июн ваксинаҳо ба 92 кишвар бо даромади хурд ва миёна дода мешаванд. Тибқи ҷадвали GAVI, Тоҷикистон 732 ҳазор воя (доза)-и ваксинаи AstraZeneca/Oxford мегирад.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қайд кардааст, ки дар чаҳорчӯби барномаи COVAX ваксина бо нархи ғайритиҷоратӣ пешниҳод мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.