Корманди милитсия Саймаҳмуд Амиршоев чанд рӯз қабл як духтареро наҷот дод, ки худро аз пул ба дарёи Душанбе партофта буд.
Ин рафтори наҷибонаи корманди милитсия баҳсу баррасиҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда, корбарон даъват карданд, ки ӯ бо мукофот қадрдонӣ шавад. Ва раҳбарияти ВКД сарлейтенант Саймаҳмуд Амиршоевро бо медали “Барои ҷасорат” сарфароз гардонид.
Тавре баъдан маълум шуд, духтаре, ки худро ба дарё партофта буд, дар Донишкадаи санъат таҳсил дошта, бо сабабҳои оилавӣ ба ин кор даст задааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.