Аз 13 феврал реҷаи маҳдуд ё худ лимити истифодаи барқ дар манотиқи деҳоти кишвар 1 соат кам карда шуд.
Раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода зимни нишасти хабарии рӯзи 17 феврал дар ин робита хабар дод, ки акнун интиқоли барқ аз соати 23:00 то соати 5:00 субҳ қатъ мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, сабуктар кардани лимит ба он вобаста аст, ки моҳи феврал ҳаво мусоид шуда, маҷрои оби дарёи Вахш зиёд шуд.
Исмоилзода қайд кард, ки моҳи январ маҷбур буданд, ки лимит ҷорӣ кунанд, чунки сатҳи об дар обанбори Норак он замон 4 метр поинтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 буд.
“Айни замон ин фарқият қариб бартараф шуда, ҳамагӣ 26 сантиметрро ташкил медиҳад”, – иброз дошт раиси ширкат.
Зимнан таъкид шуд, ки айни замон корҳои таҳлили низоми электроэнергетика ҷараён дошта, эҳтимол меравад, ки пас аз он ҳаҷми интиқоли барқ ба минтақаҳои деҳот зиёдтар карда шавад.
Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон расман аз 6 январ реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) ҷорӣ шуда, интиқоли барқ ба аҳолии деҳот аз соати 23:00 то 6:00-и субҳ қатъ карда мешуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.