Раёсати тандурустии вилояти Суғд омори расмии сироятёбӣ ва марг аз бемории COVID-19-ро гуфт, ки дар ин вилоят 4392 нафар сироятёфта, 30 нафар фавтидаанд.
Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар шаҳри Хуҷанд сироятёбиву марг аз COVID-19 зиёд буд. Ӯ гуфт дар Хуҷанд 6 нафар, дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 4 нафар, дар Бобоҷон Ғавуров ва Истаравшан 3 нафарӣ ва дар Ҷаббор Расулов, Конибодом ва Бӯстон 2 нафарӣ аз коронавирус фавтиданд.
“Дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Гулистон, Деваштич, Зафаробод, Истиқлол, Исфара, Мастчоҳ ва Спитамен як нафарӣ аз бемории COVID-19 ба ҳалокат расиданд. Дар Ашт 44 нафар, Шаҳристон 20 нафар ва Кӯҳистони Мастчоҳ 3 нафар ба COVID-19 сироят ёфта, вале щеч ҳолати фавт аз ин беморӣ сабти ном нашудааст”.
Дар ҳоле Маъруф Ҳоҷибоев аз сироятёбии 7 нафар ва марги 1 нафар аз COVID-19дар шаҳри Истиқлол гуфт, ки қаблан рӯзи 8-уми феврали соли ҷорӣ сартабиби Беморхонаи шаҳри Истиқлол ВалиназарҒоибов зимни нишасти хабарии раиси ин шаҳр гуфта буд “расман дар ин шаҳр COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст”.
“Ҳамаги 6 нафар дарёфт гардиданд, ки бо таҳлили COVID-19 мусбат баромаднд. Яъне, ки нишонаи беморӣ надоштанд, онҳоро ҳангоми муоинаҳои тиббӣ зери назорат қарор додем, бо муолиҷаҳои профилактикӣ таъмин намудем. Бояд гуфт, ки соли гузашта расман дар шаҳри Истиқлол бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст”.
Валиназар Ғоибов илова карда буд, ки дар соли 2020 дар шаҳри Истиқлол 43 мавриди гирифторшавӣ ба илтиҳоби шуш сабт шуда ва 2 нафар аз ин беморӣ фавтиданд. Ӯ гуфт, гирифторшавӣ ба илтиҳоби шуш назар ба соли 2019 дар соли гузашта 32 нафар зиёд шудааст.
Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд низ мегӯяд, гирифторшавӣ ба бемории илтиҳоби шуш ба маротиб зиёд шудааст. Ҳарчанд ӯ шумори фавт аз ин бемориро нагуфт, вале пофишорӣ кард, ки “бемории илтиҳоби шуш (пиневмания) буд ҳаст ва мемонад”.
“Сироятёби ба илтиҳоби шуш (пиневмания) дар соли 2019 тахмин 13 ҳазор нафар буд дар соли 2020 ин шумора тахмин ба 19 ҳазор нафар ҳам дар сатҳи КАТС ва ҳам госпиталӣ ба қайд гирифта шуданд”.
Вай, ҳамчунин ба суоли ин ки, сабаби фавти 13 нафар духтур чист, оё аз бемории COVID-19 фавтиданд, гуфт “ин духтурон аз сироятёбии коронавирус нафавтидаанд, балки пас аз сироятёбӣ бо оризаҳои COVID-19 фавтиданд”.
Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии Суғд дар нишасти хабарии ниҳодаш ҳузур надошт ва танҳо баъди анҷоми нишаст ҳозир шуд. Ӯ ба чанд суоли рӯзноманигорон, ки норӯшан монда буд, посух дод. Аз ҷумла рӯзноманигорон аз ӯ пурсон шуданд, ки бори нахуст сироятёбӣ ба COVID-19 дар кадом шаҳру ноҳияҳо ба қайд гирифта шудааст?
Вай гуфт нахустин бор охирҳои моҳи апрели соли гузашта 7 ҳолат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва 3 ҳолати дигар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд ва Бобоҷон Ғафуров ба қайд гирифтанд. Вай афзуд он вақт дар Суғд таҳлилгоҳи муайянкунандаи нишонаҳои сироятёби бо каронавирус мавҷуд набуд ва барои тахшихс ба шаҳри Душанбе фиристода буданд, ки натиҷаҳо нишон дод, гирифторанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.