spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Оё метавон ба “блогер – коршинос” эътимод кард?

Дар маҷмӯъ метавон блогерони «коршинос» – ро ба 3 гурӯҳи маъмул ҷудо кард:

— равоншиносон
— табибон
— косметологҳо

Мо ин се гурӯҳро ҷудо мекунем, зеро дар дигар ҳолатҳо зарар чизи камарзиш ё сарфи беҳудаи вақт аст. Аммо ҳангоме, ки одамон барои кумаки равонӣ, тиббӣ ва косметологӣ муроҷиат мекунанд таҷрибаи мутахассисон бояд раднопазир бошад.

Мутассифона, корбарон ба аксҳои зебо ва зерматнҳои воҳимадори маводҳо дода шуда, бидуни санҷиши таҷриба ба блогер муроҷиат мекунанд. Дар ҳоле, ки ин муроҷиат метавонад оқибати ҷиддӣ дошта бошад.

Хуб, ҳақиқӣ будани коршиносро чӣ гуна муайян бояд кард?

1. Таълим

Инҷо бояд як чизро дарк кард, ки шаҳодатномаи омузиши 2 моҳа оид ба равоншиносӣ ё косметология шахсро мутахассис ё соҳибтаҷриба карда наметавонад. Агар блогер ба шумо чунин як нуқтаро пешниҳод созад, пас шумо метавонед ба ӯ натанҳо шубҳа кунед балки аз саҳифаи «коршинос» даст кашед. Таълимот барои мутахассиси ин 3 равия буданро бояд дар донишгоҳҳои олӣ гирифт, албатта он ҳам бояд тафтиш карда шавад.

2. Таҷриба ё амалия

Мутахассиси хубу серталаб кори асосиашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос намекунад. Табиб метавонад блоги кории худро дар саҳифаи иҷтимоӣ пеш барад, аммо агар ӯ таҷрибаи корӣ надорад, пас бовар кардани сиҳатии худ ба ӯ нашояд. Ҳамзамон табобат зери назорати онлайн мутахассис ин танҳо як идея асту халос.

3. Муқоиса

Дар замони тақвияти сомонаҳои иҷтимоӣ ва тараққии таблиғот фаҳмидан душвор аст, ки кӣ дар воқеъ ба мардум кӯмак кардааасту, кӣ дар саҳифаҳои иҷтимоӣ моҳирона ба тақлид машғул аст. Ҳамзамон кабл аз муроҷиат ба равоншинос ё мутахассиси дигари дорои саҳифаи зебо, кӯшиш кунед усули кории ӯро бо дигар коршиносон ва сомонаҳои махсуси соҳавӣ муқоиса кунед. Масалан, усули табобатро, ки табибони инстаграм пешниҳод мекунанд, бо мавқеи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ муқоиса кардан мумкин аст. Косметологҳои маъруфро дар форумҳо санҷидан мумкин аст, дар чунин ҳолат соҳиби саҳифа танқиди муштариёнро тоза намекунад.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...