Барои ба 50 миллион нафар расонидани шунавандагони радио 38 сол ва барои тамошобини телевизион 13 сол лозим омад. Аммо Фейсбук дар тӯли камтар аз як сол 200 миллион корбар пайдо кард. Зиёда аз 82% истифодабарандагони интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи шахсии худро доранд ва аз он (ҳадди аққал) дар як рӯз тӯли ду соат истифода мебаранд.
Бинобар ин рушди тиҷорати имрӯза бидуни интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ номумкин аст. Агар Шумо тиҷорати худро ба интернет ворид насозед он маҳв ё муфлис мегардад.
Мо ба Шумо чор маслиҳати муфидро барои таблиғи самаранокии тиҷорататон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод менамоем.
1. Муҳтаво омили асосии пешбарӣ мебошад
Инҳоро дилхоҳ мутахассиси SMM тасдиқ мекунад: бидуни матни сифатнок, воситаҳои таблиғ бефоидаанд. Агар саҳифаи бренди шумо дилгиркунанда бошад, ба афзоиши аудитория ва корбарони доимӣ умед набандед.
Се компоненти муҳтавои хуб:
Беназирӣ. Маълумоте, ки шумо интишор мекунед, бояд мувофиқ ва ҷолиб бошад. Маводҳоро аз дигар манбаъҳо нусхабардорӣ накунед.
Мунтазамӣ. Маводҳо бояд мунтазам нашр карда шаванд. Ду, се, чор ё ҳафт маротиба дар як ҳафта – аз хусусиятҳои тиҷорат ва аудиторияи мақсадноки он вобаста аст.
Вирусӣ. Паёмҳо бояд ҷолиб бошанд ва вокуниши эҳсосотиро дар шакли хоҳиши ба дӯстон дар бораи он нақл карданро ба вуҷуд орад. Аз паёмҳои ошкорои таблиғотӣ худдорӣ кунед.
2. Таблиғоти мақсаднок
Таблиғоти мақсаднок – сохтани паёми таблиғотӣ мебошад, ки ба як қисми муайяни аудитория, вобаста ба манфиатҳо, ҷои зист ва дигар меъёрҳо равона карда шудааст. Таргетинг нишондиҳандаҳои рекламаро беҳтар мекунад.
Имконияти ҷойгиркунии таблиғоти мақсаднок тақрибан дар ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ: ВКонтакте, Facebook, Одноклассники ва ғайра мавҷуд аст.
Баъзе намудҳои тарғиботи мақсаднок: Ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ-демографӣ, контекстӣ, рафторӣ.
Сарфи назар аз соддагии ба назар намоён, тарғиботи мақсаднокӣ омодагии талаб мекунад. Аввалан, шумо бояд аудиторияи мақсадноки брендро таҳлил кунед. Дуюм, маводи таблиғии худро тартиб диҳед.
3. Таблиғ дар саҳифа ва гуруҳҳои ҷамъиятӣ
Таблиғ дар саҳифаҳо хариди постинг ё репостинг дар гуруҳҳо маъмул аст. Дар ҳолати аввал (хариди пост), ҳадафи таблиғкунанда афзоиши трафик дар сайти ширкат мебошад. Дуюм (хариди репост) – ҷалби корбарон ба саҳифаи ширкат дар шабакаи иҷтимоӣ. Қимати таблиғ дар саҳифа ва гуруҳҳо аз шумораи муштариёни онҳо вобаста аст.
Шумо метавонед бо соҳибони саҳифаҳо мустақиман гуфтушунид кунед ё аз хидматҳои ширкатҳои таблиғоти истифода баред.
4. Таблиғи касбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Бо ин мо ширкатҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғоти пулӣ мерасонидаро дар назар дорем. Чун қоида, онҳо мустақилона маводи баландсифат эҷод мекунанд, механизми таблиғоти мақсаднокро сар медиҳанд ва дар гуруҳҳо ва саҳифаҳо гуфтушунид мекунанд.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!