spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Овозхони тоҷик: Мақомоти андоз таътил ваъда дода, лекин баъд фиреб карданд

Чанде қабл Вазорати молия ва Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон “Оид ба индексатсияи андозаҳои пардохт барои патент” фармоиши муштарак ба имзо расониданд. Мувофиқи ин санад, андозаи патенти сарояндагон дар ҷашну маъракаҳо аз 720 сомонӣ то ба 788 сомонӣ зиёд мешавад.

Мувофиқи ин санад, арзиши патент барои соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи 9,4% зиёд карда мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Қадами Қурбон андози бештар месупорад. Патенти соҳибкорон дар Тоҷикистон қимат шуд

Чунин индексатсия ҳамасола бо назардошти сатҳи таваррум дар соли гузашта гузаронида мешавад: соли 2020 мизони таваррум 9,4 фоизро ташкил дода, мутаносибан арзиши патент, ки ба он андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ дохил мешавад, ба ҳамин сатҳ боло бурда мешавад.

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, то 1 январи соли 2021 дар ҷумҳурӣ наздики 340 ҳазор соҳибкороне ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асоси патент фаъолият мекунанд.

Хабарнигори “Азия-Плюс” дар ин бора бо сарояндагони тоҷик суҳбат карда, ҳамчунин аз онҳо пурсид, ки пандемияро чӣ гуна паси сар кардаанду то чӣ андоза коронавирус нақшаҳои онҳоро тағйир дод.

“Пандемия даромади маро 70% кам кард”

Овозхони шинохта Ҷонибек Муродов мегӯяд, қиматшавии патент ба ҳеҷ гунае ба фаъолияти эҷодии ӯ таъсир намерасонад, лекин пандемия ба нақшаҳои ӯ тағйироти ҷиддӣ ворид кардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷонибек Муродов

– Шукри Худо, ки ба коронавирус гирифтор нашудам, зеро гӯшанишиниро ихтиёр намуда, ҳамаи қоидаҳои эҳтиёткориро риоя кардам, – иброз медорад ӯ. – Лекин бар асари падемия лозим омад, ки ҳудуди 20 консерт ва 30 чорабиниро дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Ӯзбекистон, Русия, Дубай, ИМА ва дигар кишварҳо бекор кунам.

Ба гуфтаи ҳунарманд, ба вақти дигар гузаронидани консертҳо ва бекор шудани чорабиниҳо ҳудуди 70% даромади ӯро кам кардааст.

– Худо хоҳад, моҳи март сафарҳо ба хориҷи кишвар оғоз мегарданд. Соли навро мо бо суруди “Ғамгин машав, Худо ҳаст” шурӯъ кардем. Он ба ҳамаи он касоне, ки бар асари коронавирус ва дигар бемориҳо наздикони худро аз даст доданд, бахшида шудааст. Баъдтар боз як клипи нав ҳам омода мекунем, – гуфт ӯ.

МЕДИА (YOUTUBE)

“Ба мо таътил ваъда дода буданд”

Овозхон Дамирбек Олимов мегӯяд, мақомоти андоз ваъда дода буданд, ки таътил медиҳанд, лекин фиреб кардаанд.

– Замони пандемия мо бо ҳамкасбон ариза навишта, хостем, ки пардохти маблағи патентро муваққатан боздорем, чунки ҳама ҷо карантин буду мо бекор мондем. Дар мақомоти андоз гуфтанд, ки 2-3 моҳ моро аз пардохти андоз озод мекунанд. Мо розӣ шудем, лекин баъди чанде занг зада, гуфтанд, ки мо бояд андозҳоро супорем, – қайд кард Дамирбек.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дамирбек Олимов

Дар давраи пандемия даромади Олимов наздики 75-80% кам шуда, аммо барои аз даст надодани мухлисону ҳаводорон ӯ бо ҳамкоронаш клип наворбардорӣ карда, онлайн-консерт намоиш додаанд.

-Бо ҳамкорон тасмим гирифтем, ки онлайн-консерт барпо мекунем. Онро наворбардорӣ кардаву дар YouTube гузоштем. Сарпарасте надоштем, ба ин кор аз ҳисоби маблағҳои худамон зиёда аз 35 ҳазор сомонӣ сарф кардем, – гуфт ӯ.

Дамирбек Олимов ҳамчунин зикр кард, ки бар асари пандемияи коронавирус 5 консерташ дар хориҷи кишвар бекор шудааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

“50 сомонӣ барои сарояндагон пули зиёд нест”

– Вақте баргузории консерт иҷоза шаваду тӯйҳо бисёр шаванд, 50 сомонӣ қиматшавии патент барои сарояндагон чизе нест. Дар як чорабинии худ овозхон метавонад 10 баробар зиёдтар – 500 сомонӣ кор кунад, – мегӯяд сароянда Зиёвиддини Нурзод.

То пандемия Нурзод ният дошт, ки консерт баргузор кунад, лекин маҷбур шуд, ки онро ба вақти дигар мавқуф гузорад.

– Пандемия ба даромадҳои ман таъсири манфӣ расонида, ҳаҷми онҳо тақрибан 50% кам шуд, – изҳор дошт овозхон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Зиёвиддини Нурзод

“Консертҳоро хеле пазмон шудем”

– Агар арзиши патентро боло бурда бошанд, пас лозим меояд, ки онро пардохт кунем, – мегӯяд овозхон Хуҷастаи Мирзовалӣ.

Ӯ изҳор намуд, ки замони пандемияи коронавирус асосан хонанишин буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хуҷастаи Мирзовалӣ

– Консертҳоро хеле пазмон шудем, аллакай як сол инҷониб дар саҳнаҳои бузург ҳунарнамоӣ намекунем. Ният доштем, ки бо Мадина дар Австралия консерт намоиш диҳем, лекин бо сабаби коронавирус он бекор шуд, – гуфт сароянда.

Ҳамчунин бар асари пандемия ӯ натавонистааст, ки барои иштирок дар чорабиниҳои ҷашни Наврӯз ба Фаронса равад. Барои ин ӯ ҳатто билету раводид ҳам гирифта буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.    

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...