Филми кӯтоҳи “Парвонаҳо” (Мотыльки)-и коргардони ҷавони тоҷик Дилшод Авазов дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои «Зилант», дар Русия соҳиби ҷоизаи вижаи ҳакамон гардид.
Ҷашнвораи байналмиллалии филмҳои «Зилант» рӯзҳои 20-21 феврал дар шаҳри Қазони Русия баргузор гаридид.
Худи Дилшод Авазов ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “Парвонаҳо” як филми бадеӣ мебошад, ки аз 25 дақиқа иборат аст.Филми мазкур дар Санкт-Петербург бо русӣ рӯйи навор омадааст, аамо воқеаҳои филм дар Тоҷикистон мегузарад.
Дар филми “Парвонаҳо” нақшҳоро ҳунармандон аз ҳар кишвари хориҷӣ бозидаанд ва коргардон ҳам далели ба русӣ рӯйи кор омадани филмро дар ҳамин мебинад.
Хати сужаи филм дар бораи духтаре, аст ки дигарон барои ӯ чӣ тавр зиндагӣ карданро интихоб мекарданд. Онҳо фикр мекарданд, ки ба ӯ хубӣ мекунанд, вале мутасифона ҳаёти духтаро барбод доданд,-мегӯяд коргардон.
Ба гуфтаи Дилшод дар нақшҳои асосӣ Усмон Тӯраев аз Тоҷикистон ва Анна Гуляева аз Русия ҳастанд.
Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои “Зиланд” ҳар сол дар шаҳри Қазони Русия баргузор мешавад, ки дар баробари кишварҳои хориҷӣ аз шаҳрҳои дигари ин кишварҳо филмҳои зиёде вориди рақобат мешаванд. Имсол дар ин ҷашнвора бештар аз 20 давлати дигари дунё иштирок карда.
Ба гуфтаи Дилшод Авазов маблағгузории ин филм аз ҳисоби худи ӯ шудааст. “Парвонаҳо”-ро дар хонаи як дӯстам ба навор гирифтам”,-мегӯяд коргардон.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.