Стратегияи кӯҳна то куҷо муваффақона татбиқ шуд ва стратегияи нав бояд чӣ гуна бошад мо аз коршиносон пурсидем.
26 январи соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмаш ба Маҷлиси Олӣ ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон дастур дод, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021–2025»–ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.
Дастури Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле садо дод, ки муҳлати татбиқи “Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизму терроризм барои солҳои 2016-2020”, ки 12 ноябри соли 2016 қабул гардида буд, ба охир расид. Бархе коршиносон татбиқи амалии онро муваффақона арзёбӣ мекунанд. Коршиносони дигар андешаи баръакс доранд ва мегӯянд, бо баҳонаи татбиқи стратегия саркӯбии дигарандешон бештар шуд.
Аввалин стратегия дар ОМ
Масъалаи ифротгароӣ давоми чанд соли ахир дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои доғ аст, бахусус, баъди пайвастани наздик ба 2 ҳазор нафар ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (дар Тоҷикистон мамнӯъ). Шумори бештари онҳо маҳз дар солҳои 2014-2016 ҷалб шуда, аксарашон муҳоҷирони корианд.
Яке аз роҳҳои мубориза бо терроризм ва экстримизм дар Тоҷикистон ин қабули стратегияҳои миллии мубориза бо терроризм ва экстримизм мебошад, ки ба гуфтаи коршиносон дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон нахустин кишваре шуд, ки чунин санадеро ба тасвиб расонд.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон «маҳз ин тадбирҳо боис гардиданд, ки шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ нисбат ба солҳои қаблӣ кам шавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз теъдоди умумии муайяншудагон дар солҳои 2016 — 2017 ҳамагӣ 99 нафар ва дар 9 моҳи соли 2018 танҳо 5 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовиматҳои ҷангии хориҷи кишвар дар ҳайати ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ширкат варзидаанд».
Мо аз коршиносон пурсидем, ки то куҷо стратегияи муқовимат бо терроризм ва экстримизм барои солҳои 2016-2020 мувафақона иҷро шуд ва барои қабули стратегияи нави солҳои 2021-2025 кадом масъалаҳоро бояд ба назар гирифт.
Стратегия иҷро нашуд, аммо маблағи зиёд сарф шуд
Ҳуқуқшиноси тоҷик Шуҳрат Қудратов мегӯяд, дар маҷмӯъ, стратегияи мазкур иҷро нашуд, вале барои амалигардонидани он маблағи зиёд сарф гардидааст.
“Аз се марҳилае, ки стратегия дар бар мегирифт, танҳо марҳилаи якум иҷро шуда, марҳалаи дуввум қисман иҷро гардид ва аз натиҷаи иҷрои марҳалаи сеюм ҷомеа иттилоъ надорад. Иҷрои марҳилаи дуввум боис гардид, ки қариб 99% парвандаҳои ҷиноие, ки бо моддаҳи экстремистӣ ва террористӣ оғоз шуданд, бофтаи мақомоти қудратӣ мебошанд. Татбиқи ин марҳила сабаб шуд, ки дар зиндонҳо қариб 40% маҳбусон бо моддаҳои экстремизм ва терроризм зиндон шудаанд”, -мегӯяд Ш. Қудратов.
Ба гуфтаи ӯ, зимни татбиқи стратегияи мазкур мақомоти давлатӣ мебоист барои гирифтани садди роҳи таблиғи терроризм ва экстрем бо ВАО-и мустақил ҳамкорӣ намояд, аммо ин ҳам нашуд.
“Баръакс фаъолияти баъзе ВАО мустақил аз тарафи мақомотҳои давлатӣ қатъ шуд. Қисме аз роҳбарон ва рӯзноманигорон экстремист ва террорист эълон шуда, зери таъқиб дучор шуданд”,-мегӯяд ҳуқуқшиноси тоҷик.
Қудратов пешниҳод дорад, ки барои самаранокии стратегияи нави муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан ВАО баланд бардошта шуда, механизми самарабахши ҳамкории ташкилӣ, амалӣ ва иттилоотӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ воқеан дар амал татбиқ гардад.
Мубориза барои дарёфти грант
Коршиноси масоили сиёсӣ Шералӣ Ризоён дар як матлаби худ соҳи ноябри соли 2019 дар бораи ҷанбаҳои мусбату манфии стратегияи мазкур менависад, ки иштироки ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон ва ходимони дин дар раванди таҳияи санади мазкур яке за ҷанбаҳои мусбати стратегия мебошад. Ба таъкиди вай, барои таҳияи стратегияи мазкур таҷрибаҳои байналмилалӣ омӯхта шуда, дар минтақаҳои кишвар пажӯҳишҳои миллӣ гузаронида шудааст. Ба андешаи ӯ мувафақияти дигар стратегия он аст, ки дар он аҳамияти иштироки ҳар як шаҳрванди кишвар дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизму терроризм зикр шудааст.
“Дар нақшаи стратегияи мазкур гуфта шудааст, ки ниҳодҳои дахлдори давлатӣ бояд ба ташкил ва таъсиси созмонҳои ҷамъиятие мусоидат кунанд, ки бо пешгирии экстремизм ва терроризм машғул мешаванд. Дастоварди дигар, ин дар доираи стратегияи мазкур барои пешгирӣ аз экстремизму терроризм таҳияи барнома аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи марказӣ ва маҳаллӣ аст”, – мегӯяд Ризоён
Ба таъкиди коршинос бо сабабҳои обективӣ як қатор муқаррароти нақшаи стратегяи мазкур тадбиқ нашудаанд, ки пеш аз ҳама, ба сармоягузории тадбирҳо ва чорабиниҳои алоҳида рабт дорад. Яке аз нуқсонҳои стратегия, ба гуфтаи Шералӣ Ризоён, шакл нагирифтани ҷомеаи созмонҳои ғайридавлатӣ дар кишвар мебошад, ки дар сатҳи зарурӣ барои пешгирӣ аз экстремизм фаъолият кунанд.
“Бештари созмонҳои ғайридавлатие, ки дар ин самт кор мекунанд, ба хотири доғ будани мавзуъ ё эҳтимоли дарёфти грант бо он машғуланд. Дар бозтоби масъалаи экстремизм ва терроризм “воқеиятҳо”-и тахайюллӣ ва сохта мушоҳида мешуданд. Дар кишвар низ доираи рӯзноманигороне шакл нагирифтааст, ки масъалаи мазкурро ҳирфаӣ бозтоб кунанд. Корҳои фаҳмондадиҳие, ки дар минтақаҳои кишвар гузаронида мешаванд, ба тағйироти ҷиддӣ ниёз доранд. Коршиносон ва таҳлилгарони Тоҷикистон натавонистанд дар сатҳи зарурӣ таҷрибаи кишварро дар самти пешгирӣ аз экстремизму терроризм ба ҷомеаи минтақавию байналмилалӣ муаррифӣ кунанд”, – таъкид мекунад Ризоён.
Мубориза бо тарғиботи интернетӣ набуд
Ба таъкиди сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов бо вуҷуди он ки стратегияи мубориза бо терроризм ва экстримизм барои солҳои 2016-2020 то андозае амалӣ гардид, вале «чун вазъият, дигар шуд, зарур аст, чунин стратегияро дар шакли нав қабул кард».
“Вақте стартегияи қабул шуд, ҳукумат бори аввал эътироф намуд, ки масъалаи терроризм хеле ҷиддист. Дар стратегия гуфта шуда буд, ки ҳукумат бояд бо ташкилотҳои ғайридавлатии шаҳрвандӣ ҳамкорӣ менамояд. Ваъдае, ки ба таври лозима амалӣ нагардид. Дар қисмати пешгирии тарғиботи созмонҳои ифротӣ тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳеҷ коре карда нашуд. Баръакс тарғиби намояндагони ин гурӯҳҳо дар шабкаҳои иҷтимоӣ рӯз аз рӯз афзоиш меёбад”, – мегӯяд ин сиёсатшиноси тоҷик.
Ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов соли 2014 вазъияти геополитикӣ дар Сурия ва Ироқ тамоман тағйир ёфт, хилофат аз байн рафт, ДИИШ шикаст хӯрд. Аммо гурӯҳҳои ифротӣ тарғиботи ақидаҳои худро онлайнӣ пеш мебурданд. Ҳамаи ин чизҳо сабаб шуд. ки Тоҷикистон стратегияи муқовимат бо терроризм ва экстримизмро барои солҳои 2016-2020 қабул намояд.
Риш ва либос дар стратегияи нав
Коршинос Шерали Ризоён барои дар қабули стратегияи нав бар муқобили терроризм ва экстризм пешниҳод менамояд, ки тавонмандии ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла воситаҳои ахбори омма дар раванди пешгирӣ аз экстремизм бояд тақвият дода шавад ва дар умум, таҳкими ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд идома ёбад.
“Таҳия ва тадбиқи абзори нарму равишҳое муҳим аст, ки бештар ба тарҳрезии маҳсулоти зеҳние равона шуда бошанд, ки ба унвони гузинаи ҷаҳонбинии ифротгароёна дар пешгирӣ аз экстремизм ва терроризм истифода бурда шавад”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Парвиз Муллоҷонов мегӯяд дар стратегиияи нави мубориза бо терроризм ва экстримизм қонунҳое, ки сиёсати давлатро нисбат ба дин муайян мекунанд, бояд бознигарӣ карда шаванд. Дар ин самт норасоиҳо ва нофаҳмиҳо, ба мисли ба ифротгароӣ айбдор намудани занон барои пӯшидани сару либос ва мардон барои риш зиёданд. Аз ин рӯ, пеш аз он ки стратегияи нави мубориза бо терроризм ва экстримизмро қабул кунем, бояд аз нав вазъиятро омӯзем ва дигаргуниҳоро ба назар гирифта, онро қабул намоем”, – хулоса кард ҳамсуҳбати мо.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” омода шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!