spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Зиндагӣ бо 280 сомонӣ ва зану 4 фарзанд дар 15 квадрат

Ин хонаест, ки Умед Садриддинзода дар яке аз дедаҳои шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад. Дар ҳавлии падарӣ, ки  ба ҷуз ӯ ду бародараш бо зану фарзандонашон ва падару модараш зиндагӣ мекунанд, барои ӯ як ҳуҷраи 15 квадратӣ ҷудо кардаанд, ки бо зану 4 фарзандаш дар он зиндагӣ мекунад.

 “Мактаби миёнаро хондам, аммо ҷойе кор намекунам. Даромади рӯзгор аз ҳисоби нафақа ва кӯмаки дӯстону шиносон аст”, – мегӯяд ӯ.

36 сол қабл Умед аз оби ҷӯшомада месӯзад ва баъди чанди беморӣ пойҳояш фалаҷ мешаванд. Бо ҳамин аҳвол таҳсилро дар мактаби деҳи поён хатм мекунад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Мегӯяд барояш хело сахт буд он рӯзҳо. Ӯ бемори гуруҳи якум аст ва ҳоло аз давлат ҳамагӣ 280 сомонӣ нафақа мегирад. Ӯ ба ҳукумати шаҳри ваҳдат ва раисиҷумҳуру дастгоҳаш чор маротиба ариза навиштааст, вале бенатиҷа. Вай хостааст то барояш якхонагӣ ё лоақал қитъаи замини наздиҳавлагӣ ҷудо кунанд.

“Мо, ки дар деҳа зиндагӣ мекунем ба ман умуман мушкил аст. Аз оне, ки инҷо тепа (баландӣ) аст ҷойи мактаб духтурхона ҳамааш мушкил мешавад”,- изҳор мекунад Умед.

Садриддинзодро то имрӯз дӯстону пайвандонаш дастгирӣ карданд ва умед бар он дорад, ки ҳатман пайдо мешаванд нафароне, ки ба ӯ ва оилааш дасти ёрӣ дароз хоҳанд кард.

Ба Умед ва хонаводааш мешавад, ки ба василаи корти  Алиф 5058 2702 8065 1653 ёрӣ кард. Шумораи телефони ӯ: 906120101.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...