Рамзиёр Аҳмадов, сокини ноҳияи Фархор бо дастони луч сангҳоро мешиканад. Неруи ҷисмонии фавқулодаи худро ҳанӯз дар кӯдакӣ медонист, лекин онро ҳангоми хидмат дар артиш боз бештар инкишофу сайқал дод.
Ӯ ҳамчунин дар дигар таҷҳизоти варзишӣ машқҳои гуногуни ғайриодиро иҷро намуда, аз нозукиҳои навъи варзиши гимнастика ба хубӣ огаҳ аст.
“Замони хидмат дар артиш дар бисёр мусобиқаҳо ширкат варзида, ба ҷоизаҳо соҳиб шудам ва ҳамаашро дар қисми ҳарбӣ мондам”, – мегӯяд Рамзиёр.
Рамзиёр оиладор ва соҳиби 1 фарзанд асту дар мактаби таҳсилоти умумӣ аз забони англисӣ дарс мегӯяд. Гимнастикаву сангшиканӣ шавқу ҳаваси доимии ӯст. Аз лиҳози ҷисмонӣ ӯ мудом дар ҳолати хуб қарор дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.