Владимир Ленин 22 апрели соли 1870 таваллуд шудааст. Доҳии пролетариати ҷаҳон, назарияпардози марксизм ва асосгузори Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) – давлате, ки тӯли 70 сол арзи ҳастӣ дошту Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (Таджикская ССР) низ ба ҳайати он шомил буд.
Ленин барои миллионҳо одамон ба як рамзи зиндае табдил ёфт, ки ба ақидаҳои коммунизм бовар доштанд. То имрӯз низ ӯ яке аз шахсиятҳои зидду нақиз дар таърих боқӣ мондааст.
Оё имрӯз дар Тоҷикистон дар бораи Ленин, нақши ӯ дар таърих, рӯзи таваллуд ва фавти ӯ, одами хуб ё бад будани ӯ чизе медонанд?
Бо назарпурсии мо дар ин хусус дар кӯчаҳои Душанбе шинос шавед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.