Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Тоҷикписаре дар донишгоҳи маъруфи Ҳарварди Амрико ба мансаб расид - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Тоҷикписаре дар донишгоҳи маъруфи Ҳарварди Амрико ба мансаб расид

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Фаридун Назаров, тоҷикписаре, ки соли 2008 ба ИМА рафта буд, мудири молии  Анҷумани донишҷӯёну хатмкардаҳои донишгоҳи Ҳарвард шудааст.

 Тавре сомонаи “Салом Амрико” менависад, ӯ дар бахши таъмини манзил ба донишҷӯёну таҷрибаомӯзон таҷрибаи беш аз 10-сола дорад.

Аз мушкили манзил ва душвориҳои дигари берун аз шаҳраки донишҷӯён, ки муҳассилин ва муассисаҳои таълимӣ ҳамарӯза дучор меоянд, ба хубӣ огоҳ аст,-менависад ин манбаъ.

Ин пойгоҳ менависад, ки ӯ ҳанӯз соли 2008 барои таҳсил ба ИМА рафта буд ва ҳоло номзадаи дараҷаи ALM (барномаҳои мудирияти чархаи умр ) дар Донишгоҳи Ҳарвард мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муаррифии Фаридун дар сойти донишгоҳи Ҳарвард

Гуфта мешавад,  ки Фаридун ба василаи сомонаи 4stay.com ва хидматҳои аутсорсингӣ (бурунсупорӣ) барои ҳал кардани ин мушкили донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷҳо кӯмак мекунад.

Ҳамчунин, сомонаи “hesaelections.extension.harvard.edu”зимни муаррифии Фариддун Назаров аз забони худаш навиштааст, ки бо таъин шудан ба ин мақом мехоҳад дар ҳайати донишҷӯёни Анҷумани донишҷӯёну хатмкардаҳои донишгоҳи Ҳарвард (HESA) саҳм гузорад.

Ӯ гуфтааст, таҷрибаи 12-солаи роҳандозӣ ва мудирият ширкатҳои гуногунро дорад ва маҳз мудирияти молӣ яке аз масъулиятҳои ӯ аст.

Яке аз суханрониҳои Фаридун дар соли 2017 зимни муаррифии яке аз барномаҳои донишгоҳи Ҳарвард дар Донишгоҳи Кембриҷи Масачусетс:

МЕДИА (YOUTUBE)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.