Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Ниқоб ва масофаи иҷтимоӣ? Дар Тоҷикистон инро ҳатто нашунидаанд

Як суратгузориш омода намудем, ки ба паҳншавии коронавирус мусоидат кардани худи моро бозгӯст.

Хунукназарии аҳолӣ тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, сабаби асосии хуруҷи дубораи коронавирус дар Тоҷикистон аст. Барои бовар ҳосил кардан ба он, ки мардум қоидаҳои одии худмуҳофизатиро риоя намекунанд, кофист, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баред ё ба бозор дароед. Аҳолӣ қариб аз ниқобпӯшӣ ва риояи масофаи иҷтимоӣ даст кашидааст.

Дар ҷойҳои серодам ва макони издиҳоми мардум шаҳрвандон аз эҳтиёт кор намегиранд.

ГАЛЛЕРЕЯ (28)




























Вазорати тандурустӣ ҳам даст дорад

Дар ҳушёриву эҳтиёткориро аз даст додани аҳолӣ Вазорати тандурустӣ ва Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус низ айбдоранд, ки муддати чандин моҳ мавҷудияти вирусро дар кишвар қотеъона рад мекарданд.

Дар ҳамин ҳол, табибон бо шарти ифшо нагардидани ному насабашон (барои ифшои ин маълумот онҳо аз кор озод шуда метавонистанд) ҳамарӯза аз ошкор шудани чандин ҳолатҳои гирифторӣ ба сирояти коронавирус ҳарф мезаданд.

Вирус ҷойе гум нашудааст ва гум шуда ҳам наметавонист. Дар ин бора бадшавии вазъият дар кишварҳои ҳамсоя низ гувоҳӣ медиҳад. Қирғизистон аз мавҷи сеюми хуруҷи COVID-19 хабар дода, дар Ӯзбекистон тибқи маълумоти табибон, гирифторӣ ба коронавирус байни шаҳрвандони синни аз 25 то 45 сола қариб ду баробар афзудааст.

Ғайр аз ин, тоҷикистониён низ бемории худро тасдиқ намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ варақаҳои тесташонро бо натиҷаи мусбат нашр карданд.

Имрӯз баъди расман тасдиқ шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус, аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ даъват мешавад, ки тавсияи мутахассисонро дар ин соҳа ҳатман риоя намуда, бидуни зарурат ба ҷойе нараванд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшанд ва аз воситаҳои безараргардонӣ истифода карда, масофаи иҷтимоии 2 метрро риоя намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Translations:

Related articles

spot_imgspot_img

Join us on social media!

Новости компаний

Новости компаний

Company News

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

LATEST NEWS

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...