Сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе шикоят мекунанд, ки дар аксари автобусу троллейбусҳо кондитсионер ё худ ҳавополояшон кор намекунанд. Мо кӯшиш кардем, ки сабаби инро бифаҳмем.
Ду моҳ инҷониб гармии тоқатфарсо ҳукмрон буда, дар пойтахт ҳарорат то 42 дараҷа мерасад. Дар ин гуна вазъи обуҳаво истифода аз автобусу троллейбус дар шаҳр барои мардум душвор мешавад, чунки дохили онҳо ниҳоят гарму серодам аст.
Дар таксиҳо ҳам ҳолат чунин аст. Вақте онҳо бо фармоиши мизоҷ меоянд, дохили мошин ончунон тарму тафсон аст, ки агар бо нишастани мизоҷ ҳам кондитсионерро ба кор дароранд, то ҷойи таъиншуда (4-5 км) салқинӣ ҳис намешавад.
Сокинони Душанбе кайҳост, ки ба мо дар бораи сабаби дар нақлиёти ҷамъиятӣ кор накардани кондитсионерҳо муроҷиат мекунанд. Кондитсионерҳо дар ин нақлиёт насб шуда, вале онро ба кор намедароранд.
Назари сокинони пойтахтро пурсида, ҳамчунин бо ронандагону шахсони масъули ин соҳа суҳбат оростем.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.