Бахшида ба Рӯзи байналмилалии занони деҳот дар Душанбе мизи мудаввар баргузор гардид. Даҳҳо мутахассисон, намояндаҳои вазорату идораҳо, ташкилот ва мададрасонҳо ва занони деҳот мушкилоти худро баён карда, роҳҳои ҳалли онро муҳокима карданд.
Чорабинӣ бо ибтикори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва дастгирии Лоиҳаи рушди фарогири деҳот IRDP / GIZ Дастгирии рушди иқтисоди деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ (TRIGGER) баргузор гардид.
Лоиҳа аз ҷониби Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодии Олмон роҳандозӣ шуда, онро Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мекунад.
Ҳадафи лоиҳаи IRDP/TRIGGER – афзоиши арзиши иловагии маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Лоиҳаи рушди фарогири деҳот аз панҷ ҷузъ иборат аст – беҳтар кардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва гуфтугўи сиёсӣ; баланд бардоштани самарабахшии занҷираҳои кишоварзии ташаккулдиҳии арзиш; мусоидат ба дастрасӣ ба бозорҳои содиротӣ; дастгирӣ намудани бизнес-стартапҳо ва пешбарии соҳибкорӣ ва беҳтар кардани муҳити мусоид дар Идоракунии комплексии захираҳои об.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.