Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Аз имрӯз роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе гарон шуд. Расман

Аз имрӯз, 10 ноябр роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе қимат шуд. Ҳарчанд бархе аз сокинони шаҳр шикоят карда буданд, ки пулчинакҳо ҳанӯз як ҳафта пеш бо нархи нав пардохтро талаб мекарданд.

Масалан, қариб як ҳафта инҷониб дар микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и №67 аз мусофирон 3 сомонӣ роҳкиро мегиранд. Ба савол дар бораи баргардонидани бақия, ронандагон ҷавоб медиҳанд, ки ин нархи нав аст.

Ҳамчунин сокинони пойтахт аз он шикоят доранд, ки ронандагон талаботи аз меъёр зиёд нагирифтани мусофиронро нодида мегиранд.

Имрӯз ба кӯчаҳои шаҳр баромада, дар бораи чӣ гуна кор кардани нақлиёти ҷамъиятӣ суратгузориш таҳия намудем: нақлиёт мисли пешина равуо дошта, пулчинакҳо мусофиронро барзиёд аз меъёр ба маршруткаҳо мегиранд.

ГАЛЛЕРЕЯ (14)














Таърифаҳо (тарифҳо) чӣ гуна иваз шуданд?

– дар микроавтобусҳо (маршруткаҳо) – 2,5 сомонӣ;

– як километри роҳкиро дар такси – 3 сомонӣ;

– дар автобус – 1,80 сомонӣ бо пардохт тариқи корт (тариқи кортҳои яксафара ва QR-codе – 2,5 сомонӣ. Кортҳои яксафараро аз дӯкони истгоҳҳо ва аз ронанда дастрас кардан мумкин аст);

– дар троллейбус – 1,50 сомонӣ бо корт (тариқи кортҳои яксафара ва QR-codе – 2 сомонӣ. Кортҳои яксафараро аз дӯкони истгоҳҳо ва аз ронанда дастрас кардан мумкин аст).

 Ин нархҳо зимни пардохт бо кортҳои City Card мувофиқи таърифаи маъмулӣ (стандартӣ)-и “Хуш омадед”, яъне бидуни тахфиф (камшавии нарх) амал мекунанд.

Тахфифҳо барои донишҷӯён ва кӯдакон

Ғайр аз ин, дар City Card таърифаҳо бо тахфиф барои донишҷӯён ва наврасон вуҷуд доранд.

Тавре ба “Азия-Плюс” дар ширкати мазкур хабар доданд, ин таърифаҳо ба тариқи зерин иваз шудаанд:

«Наврас» – дар автобус – 0,9 сомонӣ, дар троллейбус – 0,75 сомонӣ. Ин таърифа барои кӯдакони синни аз 5 то 10-сола пешбинӣ шудааст.

«Донишҷӯ» – дар автобус – 1,26 сомонӣ, дар троллейбус – 1,05 сомонӣ. Ин таърифа барои толибилмони макотиби олии пойтахт пешбинӣ шудааст.  Таърифа баъди тасдиқ кардани донишҷӯӣ ва пур кардани тавозун (баланс)-и корт ба маблағи зиёда аз 90 сомонӣ фаъол мешавад.

Кӯдакону наврасони аз 10 то 18-сола мувофиқи қонунгузорӣ ҳеҷ гуна имтиёз надоранд, лекин метавонанд билети нимсола ё яксолаи “Хонанда” харанд.

«Тахфифӣ» – дар автобус – 1,53 сомонӣ, дар троллейбусе – 1,28 сомони. Таърифа зимни пур кардани тавозун (баланс)-и корт ба маблағи зиёда аз 90 сомонӣ фаъол мешавад.

Ҳамчунин дар City Card метавон билети нимсола ё яксолаи роҳкиро дар автобус ва троллейбусро харидорӣ намуд.

Ин билетҳо акнун бо таърифаҳои зерин фурӯхта мешаванд:

Барои ним сол

Хонанда "Нимсола" – 220 сомонӣ;

Донишҷӯ "Нимсола" – 300 сомонӣ;

Шаҳрванд "Нимсола" – 450 сомонӣ.

Барои як сол

Хонанда "Солона" – 300 сомонӣ;

Донишҷӯ "Солона" – 520 сомонӣ;

Шаҳрванд "Солона" – 750 сомонӣ.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе корти ягонаи City Сard амал мекунад. Кортро метавон дар терминалҳо ё фурӯшгоҳҳо (киоскҳо)-и воқеъ дар назди истгоҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятии Душанбе харидорӣ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Translations:

Related articles

spot_imgspot_img

Join us on social media!

Новости компаний

Новости компаний

Company News

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

LATEST NEWS

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...