Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Дар Ҳисор мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳо боз шуд

Дар шаҳри Ҳисор рӯзи 7 декабр мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳо боз шуд. Дар он  қариб 22 ҳазор сар ҳайвоноту парандаҳои гуногун мавҷуданд, ки қисме аз онҳо маҳаллӣ ва қисми дигарашон аз давлатҳои Русия, Полша, Фаронса, Беларус ва дигар кишварҳои Аврупо ворид карда шудаанд.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи мамнӯъгоҳ, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии “Қуллаҳои Тоҷик” таъсис дода шудааст, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард.

Масоҳати майдони умумии макони нави парвраиш ва зисти ҳайвоноту парандаҳои нодир зиёда аз 4 ҳазор гектарро фаро мегирад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ин мамнӯъгоҳ намудҳои гуногуни мурғи тазарв, ки аз ҷумлаи парандаҳои нодири табиати Тоҷикистон ба шумор меравад, инчунин бедонаи маҳаллӣ ва хориҷӣ, кабки фаронсавӣ, намудҳои гуногуни харгӯш, тазарви фаронсавӣ, шутурмурғ, мурғи марҷони маҳаллӣ, русиву фаронсавӣ, оҳу ва ғайраҳо парвариш меёбанд.

Ҷиҳати амалӣ кардани дастуру супоришҳои президенти кишвар дар самти зиёд намудани саршумори чорвои нодир, инчунин, тоза кардани насли ҳайвоноти ба иқлиму табиати Тоҷикистон мутобиқ дар ҳудуди мамнӯъгоҳ парвариши оҳуи бухороӣ ва холдор васеъ ба роҳ монда шудааст.

Инчунин, аз хориҷи кишвар аввалин бор ба Тоҷикистон оҳуҳои намуди «морал», «сурх», «наҷиб», «лан» ва бузҳои навъи «алпӣ» ва «муфлон» ворид карда шудаанд.

Дар айни замон бо сохтору ниҳодҳои хориҷи кишвар барои ворид намудани ҳайвоноти навъи «бизони амрикоӣ» гуфтушунидҳо идома доранд.

Ҳамчунин, дар ин мавзеъ 4 ҳавзи моҳипарварӣ сохта ва ба истифода дода шуда, дар онҳо зиёда аз 43 ҳазор сар моҳии истеъмолии навъҳои гуногун парвариш меёбад.

Бо мақсади аз боронҳои шадид, барф ва дигар ҳодисаҳои табиӣ эмин нигоҳ доштани ҳайвоноту парандаҳо дар ҳудуди минтақа 13 бинои махсус, аз ҷумла қафасҳо (волйер) бо иншооти иҳотагардида бунёд шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (27)



























Айни ҳол дар қафасҳои мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳои ҶС «Қуллаҳои Тоҷик» кабкҳо, намудҳои мухталифи харгӯш, тазарв, шутурмурғ, мурғҳои марҷон ва оҳуҳои гуногун дар карантин нигоҳ дошта шуда, баъди муҳлати муайян онҳо ба хотири афзоиши саршумор дар ҳудуди заминҳои парваришгоҳ, ки ҳазорон гектарро ташкил медиҳад, сар дода мешаванд.

Ин таҷриба, яъне парвариши ҳайвонот дар қафасҳо дар мамнӯъгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Барои дар мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳои Ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик» ҷорӣ кардани ин усул коршиносон аз хориҷи мамлакат ҷалб гардидаанд.

Ба хотири рушди минбаъдаи бахши парандапарварӣ имрӯз дар ҳудуди парваришгоҳ аз ҷониби президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди парандаҳои нодир сар дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Translations:

Related articles

spot_imgspot_img

Join us on social media!

Новости компаний

Новости компаний

Company News

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

LATEST NEWS

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...