Бозори “Кӯшониён воқеъ дар канори шимолии пойтахт давоми солҳои 2017-2020 сохта шуда, акнун калонтарин бозори масолеҳи сохтмони шаҳри Душанбе хоҳад шуд: ду сол пеш савдогарони бозори тахрибшудаи “Ҷал-Ҷам”-ро маҳз ба ҳамин бозор кӯчониданд. Инчунин тоҷирони бозори масолеҳи сохтмон ва техникаи маишии “Султони Кабир”, ки аз 1 март пурра баста шуд, низ ба ҳамин ҷо кӯчиданд.
Аксбардори мо Абдуллоҳи Ғурбатӣ ба бозори “Кӯшониён рафта, аз он ҷо суратгузориш таҳия намуд. Қобили зикр аст, ки чанде пеш шаҳрдории пойтахт ба ин самт хатсайрҳои нави автобус ва микроавтобусҳо (маршруткаҳо) боз кард. Бубинед, ки ҳозир вазъ дар бозори Кӯшониён чӣ гуна аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.