Дар Тоҷикистон баҳор ҳукмрон мешавад: табиат бедор шудаву бодому зардолу мешукуфанд, кӯҳҳоро гулҳои баҳорӣ фаро гирифта, дар шоҳроҳҳо ва пойтахт савдояшон дар ҷӯшу хурӯш аст, худи Душанбе бошад, қариб пурра қабои сабз ба бар мегирад. Гулу сабза пас аз боронҳои аввали моҳи март босуръат нашъунамо ёфта, тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, чунин вазъи обуҳаво то охири ҳафта идома хоҳад кард.
Аксбардори мо Абдуллоҳи Ғурбатӣ бароятон суратгузориши ҷолиберо аз баҳоре, ки тараддуди омадан дорад, таҳия кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.