Дар меҳмонхонаи панҷситорадори Marriott дар шаҳри Анқараи Туркия рӯзи 30 март бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Туркия ҷашни Наврӯз таҷлил гардид.
Ба ин чорабинӣ наздикӣ 400 нафар меҳмонон ҳам аз Тоҷикистон ва ҳам аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла кормандони намояндагиҳои дипломатӣ бо оилаҳояшон, дӯстону наздикони тоҷикистониён даъват шуданд. Дар ин чорабинӣ вазири саноат ва технологияи Туркия Мустафо Варанк ҳузур дошт.
Ин ҷашн чӣ гуна барпо шуд? Кистанд тоҷикистониёне, ки дар Туркия зиндагӣ мекунанд? Ба ҷашни Наврӯзи тоҷикон дар Анқара киҳо ташриф оварданд ва чӣ гуна таассуроте бардоштанд? Ин ва дигар ҷузъиёти таҷлили ҷашни Наврӯзи тоҷикон дар Анқара дар гузориши махсуси хабарнигорони “Азия-Плюс”, ки дар ин чорабинӣ бевосита ҳузур доштанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.