Пойгоҳи “Диссернет” боз як олим ва мансабдори тоҷикро ба он муттаҳам кард, ки дар навиштани рисоли докторӣ ба асардуздӣ ё плагиат даст задааст. Пойгоҳ ин бор Мумин Шарипов (Муъмин Шарифзода), ректори феълии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро ба асардӯздӣ мутаҳҳам кард. Худи Шарифзода мегӯяд, ин иттиҳом асос надорад ва нодуруст аст.
Ин маълумотро пойгоҳи мазкур имрӯз, 12 апрели соли равон нашр кардааст.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат Шарифзода рисолаи докториашро дар Шӯрои Донишгоҳи савдои кооперативии шаҳри Новосибирск ҳимоя намуда, дар асоси қарори Комисияи олии аттестатсионӣ (ВАК)- и Русия ва фармони Вазорати маориф ва илми Русия соли 2012 доктори илмҳои иқтисодӣ шудааст.
Пойгоҳи “Диссернет” гуфтааст, ки Муъмин Шарифзода ҳангоми навиштани рисолаи докториаш дар мавзӯи “Таъмини иқтисодии рақобатпазирии кооператсияи истеъмолӣ дар бозори озуқа: назария, методология, амалия” (Экономическое обеспечение конкурентоспособности потребительской кооперации на рынке продовольственных товаров: теория, методология, практика) бахше аз кори худро аз рисолаи илмии чанде аз олимони рус, ба мисли Игор Мисук (Формирование системы интегральных оценок и приоритетов в управлении конкурентоспособностью предприятия: на примере железнодорожного машиностроения (Диссертация 2006), Олга Власенко (Интегральная оценка динамики экономического потенциала коммерческо-предпринимательской структуры и его использования Диссертация 2006), Надежда Неустроева (Повышение конкурентоспособности торгового предприятия Диссертация 2010), Олег Исенков (Стратегическое управление ресурсным потенциалом потребительской кооперации Диссертация 2006), Елизавета Тарасова (Управление коммерческой деятельностью потребительской кооперации: теория, методология, оценка. Диссертация 2004) ва Олга Зайцева (Экономические аспекты антикризисного управления в потребительской кооперации. Диссертация 2001) рӯйбардор кардааст.
“Диссернет” навиштааст, ки Шарифзода аз 336 саҳифаи кори докториаш 95 саҳифаашро аз рисолаи илмии ин олимон саҳифаҳоеро пурра ва саҳифаҳоеро қисман рӯйбардор кардааст.
Шарифзода Муъмин дар суҳбати кутоҳи телефонӣ бо “Азия – Плюс” аз иттиҳоми “Диссернет” изҳори бехабарӣ кард, вале гуфт ин иттиҳом куллан нодуруст аст.
– Ман то ҳол иттиҳоми онҳо нахондам, вале агар чунин гуфта бошанд, нодуруст аст. Аз ҳимояи ман чанд сол гузашт. Ин як сафсата аст, -гуфт Шарифзода.
Пойгоҳ менависад, ки Муъмин Шарифзода 27 декабри соли 2011 рисолаи доктории худро дар Донишгоҳи савдои кооперативии Сибир таҳқиқ ва дар назди шӯрои дифоъи рисолаҳои ҳамин донишгоҳ зери роҳбарии Лидия Наговисина дифоъ кардааст.
Ин пойгоҳ дар шарҳи асардуздии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон навиштааст, ки дар асоси рисолаи докторӣ, довталаб бо муаллифони асарҳо- сарчашмаҳо мақолаи илмии муштарак надоштааст.
– Рӯйхати библиографии рисолаи баррасишаванда сабтҳо дар бораи се асари Тарасова Е.Е. (№ 226, 230—231 дар саҳ. 321) ва дар бораи як асари Зайсева О.П. (№ 89 дар саҳифаи 312). Истинод ба ин манбаъро дар саҳифаҳои 48, 75, 77, 78, 180 (асарҳои Тарасова Е.Е.) ва саҳ. 207‒208, 216‒220 (асари О.П.Зайсева) дидан мумкин аст, ки нисбат ба ҳаҷми мавод хеле камтар аст. Илова бар ин, номҳои Зайсева О.П. ва Тарасова Е.Е. аз тарафи довталаб дар саҳифаи 6 (муқаддима) дар байни олимоне, ки ба омузиши тиҷорат ва кооперасияи савдо машғуланд, зикр карда шудаанд. Дар феҳристи библиографии рисолаи довталаб асарҳои дигар муаллифони асарҳои сарчашмавӣ, инчунин истинод ба онҳо дар матни тадқиқот нишон дода нашудаанд, – навиштааст “Диссернет” дар шарҳи таҳқиқоти рисоли доктории Шарифзода.
Муъмин Шарифзода соли 1965 дар ноҳияи Ашт таваллуд шудааст. Соли 1987 Техникуми кооперативии шаҳри Хуҷандро бо дипломи аъло хатм намуда, дар Донишкадаи савдои советии кооперативии шаҳри Новосибирск таҳсилро идома додааст. Соли 1991 донишкадаи мазкурро бо ихтисоси молшиносӣ ва ташкили савдои молҳои хӯрокворӣ хатм намуда, ба ҳайси омӯзгор дар филиали Донишкадаи савдои кооперативии шаҳри Новосибирск дар шаҳри Душанбе фаъолият кардааст.
Ӯ соли 1994 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Академияи тиҷорати Сибири шаҳри Новосибирскро хатм намуда, дар ин давра рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Коммерческая деятельность потребительской кооперации на рынке продовольственных товаров» ҳимоя намудааст.
Аз соли 1997 фаъолияташро ба ҳайси дотсенти кафедраи маркетинги Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, оғоз намуда, то ба дараҷаи муовини ректор ва ректори ин донишгоҳ расидааст.
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 15 марти соли 2017, Муъмин Шарифзода ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсатии Тоҷикистон таъин гардидааст. Ӯ аз ин пештар ҳудуди 10 сол аз соли 2008 то 2017 ба ҳайи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор кардааст.
Профессор Шарифзода ҳамчунин, раисии Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-023-и ҳимояи рисолаҳо аз рӯи ихтисоси 08.00.05 иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти минтақа) мебошад.
Ба иттилои сомонаи Донишгоҳ , ӯ муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ буда, бо унвони медали Хизмати шоиста, Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон сарфароз гардидаст.
Ҳафтае пеш, 5 апрел “Диссернет” Ҷӯрахонзода Саодати Хурсанд (Мутиева Саодат Журажоновна), муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистонро ба асардуздӣ муттаҳам карда, навишта буд, ки Шӯрои ҳимояи рисолаҳои Академияи гумруки Русия аз 20 январи имсол тавсия додааст, ки Cаодат Ҷӯрахонзода аз дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодии маҳрум карда шавад.
Беш аз 60 олими тоҷик дар рӯйхати “Диссернет”
Пойгоҳи "Диссернет" як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд, месанҷад.
Ин пойгоҳ дар 3-4 соли ахир беш аз 60 олими тоҷикро дар асардуздӣ муттаҳам кард, аммо аз ин миён танҳо Абдурасул Сангинов, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино кори ин пойгоҳро ноодилона ва нодуруст хонду ба он вокуниши расмӣ кард.
Масъалаи асардуздии мансабдорон дар яке аз мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо олимону зиёиёни тоҷик низ дар соли 2020 мавриди танқид қарор гирифт ва ӯ ҳатто гуфт, ки "ҳар касе кори илмӣ мехоҳад, ҷавоб медиҳем, рафта кори илмӣ кунад".
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “ин ба он маъно аст, ки баъзе унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд”.
Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ ё ВАК- и Тоҷикистон дар нишасти матбуотии охири худ, натиҷаи таҳқиқоти пойгоҳи “Диссернет” – ро фармоишӣ номида гуфт, ин кори дасти худи тоҷикон аст ва барои он маблағи калон сарф мешавад.
– Аз будаш зиёд ҳангома ҳам мекунанд. Ман фикр мекунам, ки кори ин пойгоҳ чандон тоза ҳам нест. Вақте ки нигоҳ мекунед, ба мушоҳида мерасад, ки ин кори дасти худи тоҷикон аст. Вале ман факт надорам. Аммо ҳаст, ки аз ҳамин ҷойҳо фармоиш мешавад. Ин кор пули калон талаб мекунад. Яъне фармоишӣ буданаш эҳсос мешавад, -гуфта буд Розиқзода.
Дар ҳамин ҳол, вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ҷаласае аз норасоии омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта, ба мисли дотсент ва профессор дар донишгоҳҳое, ки омӯзгор омода мекунанд, изҳори нигаронӣ намуда, гуфтааст, онҳо бояд омӯзгорони ҷавони унвондорро ба кор ҷалб кунанд.
Ёдовар мешавем, ки 27 августи соли 2021 амри раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон содир шуд, ки аз ин баъд ҳамаи мансабдорон ва хидматчиёни давлатии Тоҷикистон, танҳо баъди иҷозаи ӯ метавонанд ба таҳқиқи илмӣ сару кор бигиранд ва олим шаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.