Имсол аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 30 сол сипарӣ мегардад.
Барои таҷлили сазовор аз ин рӯйдоди муҳим, дар баробари чорабиниҳои зиёд, 26-уми апрел соати 18-00 бо ташббуси Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти анъанавии кореягӣ таҳти уновни «Аз Душанбе то Сеул» дар Кохи Борбад баргузор менамояд.
Дар ин ҳамоиш, мусиқӣ ва рақсҳои анъанавии кореягӣ пешниҳоди дӯстдорони олами зебои санъату ҳунар гардонида мешавад.
Сафорати Корея дар Душанбе ҳама дӯстдорони ҳунари мусиқи ва рақсро ба ин барномаи консертӣ даъват мекунад. Шоми худро рангин намоед ва лаззати маънавӣ бигиред.
Хотиррасон мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели 1992 барқарор гардидаанд.