Як ширкати бритониёӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кори мавсимӣ ба ин кишвар даъват кардааст ва то ҳол ҳудуди 1 ҳазор нафар дархост додаанд. Вале баъди имтиҳони забони англисӣ ҳудуди 250 нафари онҳо пазируфта ва интизори даъвати кор ҳастанд. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар доданд.
Манбаъ гуфт, то ба ҳол ба 69 нафар даъвати кор омадааст ва онҳо дар ҳоли омодакунии ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла раводид (виза) ба Бритониё ҳастанд.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки онҳо бо даъвати ширкати бритониёӣ 500 нафар шаҳварванди Тоҷикистонро барои деҳқонӣ ба Бритониё мефиристанд.
– Ширкати бритониёии “Профорс” тавассути Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон эълон дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кори мавсимии деҳқонӣ ба ин кишвар даъват мекунад. Баъди ин нафарони зиёде ба мо муроҷиат карданд. Мо рӯйхати корҷӯёнро ба воситаи сафорати Тоҷикистон дар Бритониё ба ширкат фиристодем ва онҳо бо корҷӯён тариқи “онлайн” суҳбат карданд, – гуфт манбаъи мо.
Ин масъули Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон иттилоъ дод, ки баъди сӯҳбат намояндагони ширкат 244 нафарро интихоб намуданд ва дар марҳилаи аввал барои 69 кас даъвати кор омадааст. Ин афрод дар ҳоли таҳияи санадҳо ҳастанд ва ба наздикӣ онҳо ба Бритониё мераванд.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки харҷи сафари корҷӯён ба Бритониё аз ҳисоби худи онҳо пардохта мешавад ва барои ин ба онҳо ҳудуди – 1 – 1,5 ҳазор доллар лозим аст.
– Талаботи ширкат танҳо як аст: донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират. Дар Бритониё онҳо дар як рӯз то ҳашт соат кор мекунанд ва барои ҳар соат кор то 12 доллар мегиранд. Дар як моҳ ҳудуди 1,5-2 ҳазор фунт стерлинг кор мекунанд. Муҳлати шартномаи кор шаш моҳ аст. Баъди шаш моҳ муҳоҷири тоҷик бояд ба ватан баргардад, – гуфт манбаъ.
Даъвати як ширкати бритониёӣ барои кор аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолест, ки бештари тоҷикон барои муҳоҷирати корӣ ба Русия, қисми камтар ба Қазоқистон мераванд ва ҳамеша аз муносбати баду маоши кам дар ин кишварҳо шикоят мекунанд.
Ба назар мерасад, солҳои охир тоҷикон барои муҳоҷирати корӣ бештар кишварҳои Аврупо, Кореяи Ҷанубӣ ва ҳатто Амрикоро интихоб мекунанд.
Мақомот ҳам қаблан хабар доданд, ки барои ҷалби коргарони тоҷик ба Кореяи Ҷанубӣ ва чанде аз кишварҳои дигар созишномаҳо ба имзо расониданд. Вале ҳоло маълум нест, ки дар асоси ин созишномаҳо чанд нафар ба кор рафтааст.
Дар ҳамин ҳол, мақомот аз ташкили ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар таъкид мекунанд ва пайваста озмунҳои ҷои кори холиро мегузаронанд. Вале сокинон мегӯянд, маоши ҷойҳои кории холии дохилӣ паст аст.