Оҷонсии Туркия дар умури ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар ҳамоҳангӣ бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба муносибати моҳи Рамазон ба 1500 хонавода 45 тонна кӯмаки ғизоӣ расонида истодааст.
ТИКА дар доираи барномаҳои анъанавии моҳи Рамазон фаъолиятҳои рамазонии худро дар Тоҷикистон ба роҳ монда истодааст.
Тақсими маводи хӯрока дар ҳамкорӣ бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳияҳои Айниву Ёвон ва 4 ноҳияи Душанбе анҷом дода шуда истодааст. Ба 900 оилаи ниёзманди ноҳияҳои Айниву Ёвон бастаҳои ғизоӣ тақсим карда шуд. Ҳамчунин тақсимот дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, рӯзҳои наздик ба анҷом хоҳад расид. Дар шаҳри Душанбе кӯмакҳои ғизоӣ бахусус ба маъюбону собиқадорон ва ҳамчунин ба хонаводаҳои ниёзманд расонида мешавад.
ТИКА созмони байналмилалии Туркия мебошад, ки дар самти кӯмакрасонӣ фаъолият менамояд ва феълан дар беш аз 60 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дошта, дар беш аз 170 кишвари ҷаҳон фаъолиятҳояшро ба роҳ мондааст. ТИКА даҳҳо ҳазор лоиҳаро дар кишварҳое, ки фаъолият мекунад, дастгирӣ кардааст.