Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон натиҷаҳои фосилавии бақайдгириро барои дохилшавӣ ба макотиби олии ҷумҳурӣ ҷамъбаст намуд.
Бино ба маълумоти марказ, то 25 апрел аз нақшаи пешбинишудаи 105 ҳазору 997 ҷой дар муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбӣ барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 92 ҳазору 264 нафар хатмкунанда ҳуҷҷат супоридаанд.
Дар заминаи синфи 11 ба гуруҳи ихтисосҳои кластери 5 “Тиббӣ, биологӣ ва варзиш” 32 ҳазору 868 нафар ҳуҷҷат супоридаанд, ки 17,68% зиёдтар аз ҷойҳои пешбинишуда дар мактабҳои олӣ аст.
Дар дигар кластерҳо норасоӣ ба мушоҳида мерасад: “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ – 3,81%; Филология, педагогика ва санъат” – 4,35%; “Иқтисодӣ ва география – 38,89%”; “Табиӣ ва техникӣ – 52,22%”.
Дар заминаи синфи 9 кластери “Тиббӣ, биологӣ ва варзиш”-ро 10 ҳазору 223 нафра довталаб интихоб кардаанд, ки 88,51% аз нақшаи қабул зиёд аст.
Дар кластерҳои боқимонда норасоии довталабон ба назаро мерасад: дар гуруҳи ихтисосҳои кластери “Филология, педагогика ва санъат” – 31,6% камтар аз нақша; дар кластери “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ” – 41,6%; “Иқтисодӣ ва география – 58,10%”; “Табиӣ ва техникӣ – 71,82%”.
Аз ҳама бештар ба ихтисоси “Эпидемиология, гигиена ва ҳифзи саломатӣ” дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида шуда, дар ин ихтисос барои як ҷой 533 нафар довталаб сабти ном шудаанд.
Дар идома боз бештар ба ихтисоси “Андоз ва андозбандӣ” ва “Ташхиси судӣ” ҳуҷҷат қабул шуда, дар ихтисоси аввал барои 1 ҷой 370 нафар ва дуюм – 348 нафар довталабон ба қайд гирифта шудаанд.