Дар Душанбе бори аввал Намоишгоҳи ҷумҳуриявии кабӯтарҳои ороишӣ, бозигар ва ҷангӣ баргузор шуд. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ муайян кардани навъҳои кабӯтар ва рушди фарҳанги кабӯтарпарварӣ дар кишвар мебошад.
Чорабинӣ аз ҷониби Алишер Соҳибов, ки паррандагони ҷангандаи сиёҳпӯстро парвариш мекунад, созмон дода шуд.
“Ҳадафи мо такон додан ба рушди кабӯтарпарварӣ дар ҷумҳурӣ аст, зеро навъҳои парандаҳои Тоҷикистон зиёданд. Илова бар ин, ҳар минтақа навъҳои худро дорад”, – иброз дошт ӯ.
Қобили зикр аст, ки кабӯтарпарварони зотҳои асили ин паранда бо медалу ҷомҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ба гуфтаи Соҳибов, онҳо ният доранд, ки дар оянда низ чунин чорабиниву мулоқот, табодули таҷрибаву маълумот гузаронанд, то ки дар бораи навъҳои кабӯтарҳои имрӯза дар ҷумҳурӣ тасаввуроти дуруст ҳосил шуда, хидмату дастовардҳои кабӯтарпарварон қадрдонӣ ва ба сурати умум аз парвариши зотҳои тоҷчикии кабӯтарон дастгирӣ шавад.