Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои хабарсоз дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, дар як суҳбати аз қабл ҳамоҳангношуда бо рӯзноманигор ва блогнависи фаъол Далери Имомалӣ аз шарҳи далели нотамом мондани сохтмонҳояш худдорӣ карда, аз идомаи суҳбат канор меравад.
Далери Имомалӣ, ки дар блоги инфиродияш дар шабакаи Yotube барномаеро бо номи "Қабулгоҳ" роҳандозӣ кардаву рӯзҳои шанбе ба қабули вазирону раисони ниҳодҳо меравад, ин бор ба қабули Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рафтааст.
Дар Тоҷикистон, бар асоси як фармони вижаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, мансабдорони аз зинаҳои поёнӣ то болоӣ бояд рӯзҳои шанбе дар ҷойи кор бошанд ва шаҳрвандони корафтодаро худ ва муовинонашон қабул кунанд.
Рӯзноманигор Далер Имомалӣ дар наворе, ки нашр кардааст, ба назди бинои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон меравад, ки худи Бег Сабур бо чанд тани дигар саргарми суҳбат аст ва худро муаррифӣ мекунад ва мегӯяд, ки бар асоси фармони президент дар рӯзи қабул омадааст.
Бег Сабур дар посух мегӯяд, ки "ман қабула буд кадм, ту бзан хова".
Рӯзноманигор дар посух мегӯяд, ки ҳанӯз субҳ аст, ӯ кай қабулро тамом кардааст, раиси Хадамоти алоқа мегӯяд, ки "соати 6".
Бег Сабур, ки дар саҳни бинои Хадамоти алоқа бо либоси ғайрирасмӣ қарор дошт, ба рӯзноманигор мегӯяд, ки кори бисёре дорад ва чун огоҳ мешавад, ки ӯро ба навор мегиранд, мухолифат мекунад ва аз суҳбат бо рӯзноманигор худдорӣ мекунад.
Бег Сабур дар ин суҳбат аз Далери Имомалӣ мепурсад, ки оё ту будӣ, ки биноҳои "Зарафшон"-ро навиштӣ ва посухи мусбат мегирад. Баъдан Бег Сабур мегӯяд, ки "Охир накун итарӣ, кори ту чӣ аст, ки сохтмони бино кай буд мешавад. Ту аниқ кун, ки дар унҷо чӣ қадар камбағалҳоянд, Ту як камбағалро дар ҳаётат як тин надода бошӣ".
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон пас ин мегӯяд, ки ҳоло либосашро иваз мекунад ва ё худаш, ё муовинаш рӯзноманигорро мепазиранд. Аммо баъд рӯзноманигор дар навор мегӯяд, ки пас аз интизориҳои зиёд на аз Бег Сабур хабаре шуд ва на аз муовинонаш.
Баъдан Далери Имомалӣ талош мекунад, ки дохили бино биравад, аммо як зане бо либоси ғайрикорӣ мегӯяд, ки посбони бино аст ва намегузорад, ки рӯзноманигор дохили бино шавад.
Баъди чанд лаҳза блогнавис дохили бино мешавад, то бубинад, ки касе аз муовинон он ҷо ҳаст ё не, аммо он зане, ки худро посбон муаррифӣ карда буд, пайдо мешавад ва мегӯяд, ки касе нест ва рӯзноманигорро аз бино берун мекунад.
Бег Сабур яке аз чеҳраҳои хабарсози ҳукумати Тоҷикистон солҳост, ки бо изҳори назарҳои зидду нақизаш дар сархати хабарҳо қарор мегирад.
Ин мансабдор, ки қудои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ ҳаст, яке аз тоҷирони сармоядори кишвар ҳам ном бурда мешавад. Аз ҷумла солҳои ахир ба бесифат анҷом шудани биноҳои иқоматие, ки ширкатҳои марбут ба Бег Сабур – "Комил-2010" ва "Ниагара" бунёд кардаанд, номи ӯ дар сархати хабарҳо қарор гирифт.
Ҳукумати шаҳри Душанбе ду сол пеш гуфт, ки Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ширкатҳои марбут ба Бег Сабурро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст ва ба ин ширкатҳо дигар қитъаи сохтмони манзил дода намешавад.
Дар ҳоли ҳозир чанд бинои истиқоматии бунёдкардаи ширкатҳои Бег Сабур дар маҳаллаи "Зарафшон"-и Душанбе чанҷолӣ шудаанд ва сокинон аз он шикоят мекунанд, ки сохтмони ин биноҳо нотамом гузошта шудааст ва корҳои анҷомшуда ҳам бесифатанд.
Дар гузашта расонаҳо борҳо навишта буданд, ки Бег Сабур ҳамчун мансабдори сатҳи баланд дар идораи Хадамоти алоқа ба фурӯши хонаҳои бунёдкардааш ва тиҷоратҳои дигараш сару кор мегирад. Аз ҷумла Ёқуб Ҳалимов дар як таҳқиқоти рӯзноманигорӣ ҷузъиёти ин тиҷорат ва хонафурӯшии Бег Сабурро расонаӣ карда буд.
Дар Тоҷикистон мувофиқи қонунгузорӣ мансабдорони давлатӣ ҳаққ надоранд ба тиҷорат машғул шаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.